ПИЗИШКИЁН Ё ҶАЛИЛӢ? ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН БА ДАВРИ ДУЮМ КАШОНДА ШУД
Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, ки 28 июни соли 2024 доир шуд, ҳеҷ кадоме аз 4 номзад натавонист беш аз 50 фоизи овозҳоро ба даст биорад ва дар натиҷа, кор ба даври дуюм кашид. Ба ин тартиб, як ҳафта баъд ду номзаде, ки дар даври авал овози аз ҳама бештар гирифтанд – Масъуди Пизишкиёни 69-сола ва Саъиди Ҷалилӣ, ки 58 сол дорад– байни худ барои касби мақоми раисиҷумҳури Эрон вориди рақобати ниҳоӣ хоҳанд шуд.
Дар Эрон масъулияти баргузории интихоботҳо ва шуморидани овозҳоро вазорати кишвар (вазорати корҳои дохилӣ) дар даст дорад. Бино ба омори ниҳоие, ки ин вазорат рӯзи шанбе, 29 июн эълон кард, дар даври аввали овоздиҳӣ Пизишкиён баранда шудааст:
- Масъуди Пизишкиён: 10 миллиону 415 ҳазору 191 овоз (42,45%)
- Саъиди Ҷалилӣ: 9 миллиону 473 ҳазору 298 овоз (38,6%)
- Муҳаммадбоқири Қолибоф: 3 миллиону 383 ҳазору 340 овоз (13,8%) ва
- Мустафо Пурмуҳаммадӣ: ҳамагӣ 206 ҳазору 397 раъй (0,82%).
Дар овоздиҳии рӯзи 28 июн ҳамагӣ каме бештар аз 24 миллион шаҳрвандони соҳиби ҳаққи овоз иштирок кардаанд. Ин як каме бештар аз 40 фоиз аз зиёда аз 60 миллион шаҳрвандони соҳиби ҳаққи овоз, ё ба таъбири маъмул дар Эрон, воҷиди шароити раъйро ташкил медиҳад. Иштироки ҳамагӣ 40 дарсади интихобкунандагон дар овоздиҳӣ дар интихоботи президенти Эронро бисёре аз нозирони умур хеле пойин ва баёнгари дилсардии аксари ҷомиа аз маъракаҳои сиёсии низоми Ҷумҳурии исломӣ мешуморанд.
Дар даври якуми овоздиҳӣ, тавре ҳам ки интизор мерафт, Масъуди Пизишкиён, номзади ягонаи ислоҳталабон, овози аз ҳама бештар ба даст овард. 10,4 миллион орои гирифтаи ӯ назар ба 9,5 миллион овози Саъиди Ҷалилӣ қариб як миллион бештар аст.
Вале фаромӯш накунем, ки дар даври аввали Пизишкиён ягона номзад аз ҷиноҳи ислоҳталабон буд, аммо орои тарафдорони ҷиноҳҳои усулгаро ё муҳофизакор байни чанд номзад тақсим шуда буд. Орои бадастовардаи Пурмуҳаммадӣ, ки ҳамагӣ 200 ҳазор аст, таъсири чандоне ба даври дуюми овоздиҳӣ шояд надорад, вале дар сурати пуштибонии Қолибофи усулгаро аз ягона номзади ба даври дуюм роҳёфтаи усулгароён Саид Ҷалилӣ ва ба 9,5 миллион тарафдори алакай дар ҷайб доштаи Ҷалилӣ зам шудани қариб 3,4 миллион овози тарафдорони Қолибоф метавонад таносуби овозҳоро дар даври дуюм тағйир дода, рақобатро ба нафъи Ҷалилӣ ҳал кунад.
Дар ин шароит танҳо умедашонро ислоҳталабон метавонанд ба иштироки фаъолонатаронаи тарафдоронашон дар даври дуюми овоздиҳӣ бубанданд. Умеде, ки ҳанӯз боқист, вале ҷомаи амал пӯшонданаш дар шароити сиёсатбезориии торафт фарогир дар ҷомиаи Эрон амре сахт муҳол ва ҳатто метавон гуфт, ношуданист.
Масъуди Пизишкиён, ки се моҳ баъд ба синни 70 мерасад, 29 сентябри соли 1954 дар Табрез аз падари озарӣ ва модари курд ба дунё омада, ҷарроҳи қалб ва вакили парлумони Эрон аз ҳавзаи Табрезу Оску ва Озаршаҳр аст. Пизишкиён, бино ба тарҷумаи ҳолаш дар Википедиа, қории Қуръон буда, Наҷҳ-ул-балоға, як китоби умдаи мазҳаби шиъаро низ фаро гирифтааст. Ӯ дар даврони раёсати раисиҷумҳури ислоҳталаб Муҳаммади Хотамӣ ба майдони сиёсат омада, аз соли 1997 то 2021 дар мақоми муовини вазири ҳифзи сиҳҳат ва аз соли 2001 то 2025 ҳамчун вазири тандурустии Эрон ифои вазифа кард. Баъди аз қудрат рафтани ислоҳталабон Пизишкиён фаъолияти сиёсиашро ба ҳайси вакили парлумон идома дод.
Саъиди Ҷалилӣ 6 сентябри соли 1965 дар шаҳри Машҳад дар шимолушарқи Эрон ба дунё омадааст. Ҷалилӣ доктори улуми сиёсӣ буда, рисолаи докториашро дар Донишгоҳи Имом Содиқ дар мавзӯи асосҳои афкори сиёсии исломӣ дар Қуръон дифоъ кардааст. Ӯ дар солҳои 80 дар ҷанги Эрону Ироқ иштирок карда, чандин бор захмӣ шудааст ва ҳатто як пораи пояшро аз даст додааст.
Саид Ҷалилӣ чандин сол раҳбари ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ бо Ғарб буд ва солҳои ахир Шӯрои стратегии равобити хориҷии Эронро раҳбарӣ мекунад.
Интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурии Эрон дар пайи дар санаи 19 майи соли 2024 бар асари суқути чархбол ба ҳалокат расидани раисиҷумҳури қаблӣ Иброҳим Раисӣ доир карда шуд.
Эрон бо ҳудуди 90 миллион аҳолиаш яке аз кишварҳои бузурги мусулмонӣ ва бузургтарин кишвари форсизабон ба шумор меравад. Соли 1979 шоҳи Эрон Ризо Паҳлавӣ сарнагун карда шуд ва қудратро дар ин кишвар рӯҳониёни тундрави шиъа ба дасти худ гирифта, ба ҷои низоми шоҳӣ ҷумҳурии исломӣ таъсис доданд.
Дар низоми ҷумҳурии исломии Эрон интихоботи алтернативӣ иҷозат дода мешавад, вале номзадҳо танҳо баъди дарёфти ризоият ва иҷозати Шӯрои нигаҳбон ба интихобот роҳ дода мешаванд. Ин Шӯро нафарони пурнуфуз аз миёни рӯҳониёни шиъаро дар бар мегирад,
Ҷумҳуриии исломии Эрон дар тӯли солиёни зиёд ба далели барномаи ҳастаияш, ҳамчунин барои поймол кардани ҳуқуқи инсон ва даст доштан дар ҳамлаҳои террористӣ таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор дорад.