АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

АҲМАД МАСЪУД: АГАР МАРДУМ ТОЛИБОНРО ИНТИХОБОТ КУНАНД, МО ТАСЛИМ МЕШАВЕМ…

Аҳмад Масъуд, раҳбари 35-солаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва писари калонӣ аз 6 фарзанди фармондеҳи шуҳратёр Аҳмадшоҳи Масъуд, рӯзи 24 июни соли 2024, дар рӯзи аввали нишасти серӯзаи нирӯҳои мухолифи режими нави Толибон дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия, дигарбора ба зарурати баргузории як интихоботи озоду одилона дар Афғонистон таъкид карда, гуфтааст, “агар мардум Толибонро ҳам интихоб кунанд, мо таслими иродаи мардум мешавем”.

Бино ба гузориши рӯзномаи “8-и субҳ”, Аҳмад Масъуд дар Вена гуфтааст, “мо ва шумо бояд ба ҷои мардум тасмим нагирем”.

Аҳмад Масъуд ҳамин тавр, Толибонро як мафкураи истихборотӣ унвон карда, гуфтааст, ки “мутааллиқ донистани ин гурӯҳ ба як қавм, забон, дин ва фарҳанги мардум ҷафои бузург аст”.

“Имрӯз, мутаассифона, озодии тамоми шаҳрвандони Афғонистон, новобаста ба қавм ва забон, аз онҳо гирифта шудааст”, – таъкид кардааст Аҳмад Масъуд.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ иддао кардааст, ки дар ибтидои рӯи кор омаданашон Толибон ҳозир буданд, ки бо онҳо гуфтугӯ кунанд. “Аммо мо қавм, Панҷшер ва хонаводаамонро фидои Афғонистон кардем”, – афзудааст Аҳмад Масъуд.

Нишасти инак чоруми мухолифони Толибон дар Вена 24 июн оғоз ёфт ва то 26 июн давом мекунад. Ба навиштаи “8-и субҳ”,  дар нишасти имсола дар пойтахти Австрия тақрибан 70 нафар ба намояндагӣ аз 40 созмону гурӯҳҳо ва фаъолони инфиродӣ ва рӯзноманигорон иштирок доранд, вале ин нишаст бидуни иштироки намояндагони Толибон сурат мегирад.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Рангин Додфар Спанто, собиқ вазири корҳои хориҷӣ ва мушовири амнияти миллӣ ва Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон аз ширкаткунандагони аршади нишасти имсол ном бурда мешаванд.

Нишасти чоруми Вена барои баррасии масоиле, чун мубориза бо терроризм, вазъи ҳуқуқи инон ва таъмини амният дар Афғонистон дар ҳоле ҷараён дорад, ки аз расидани Толибон ба қудрат дар Афғонистон инак қариб се сол мегузарад.

Қарори маълум, ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021 дар рӯзҳои хуруҷи нирӯҳои эътилофи таҳти фармони Амрико ва НАТО аз Афғонистон дар байни ҳамагӣ чанд рӯз тавонистанд урдуи гӯё 300-ҳазорнафарии ҳукумати қаблиро шикаст дода, кишварро тасарруф кунанд. Президенти вақти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳамроҳи аъзои калидии ҳукуматаш фирор кард. Танҳо дараи Панҷшер султаи Толибонро напазируфт, вале нирӯҳои толиб алакай моҳи сентябри соли 2021 вориди Панҷшер шуданд ва аз ҷумла як ситоди худро дар хонаи Аҳмадшоҳи Масъуд мустақар карданд.

Ҷабҳаи Аҳмади Масъуд ва нирӯҳои дигаре, ки режими нави Толибонро напазируфтанд ва алайҳи он муборизаи мусаллаҳона мебаранд, тайи ин қариб се соле, ки гузашт, натавонистанд тарафдори зиёд пайдо кунанд. Чӣ дар дохили Афғонистон ва чӣ дар хориҷ.

Аз байни кишварҳои дунё шояд ба истиснои Тоҷикистон, ягон кишвари дигар омода нашуд, ки ба мухолифони мусаллаҳи Толибон кумак расонад. Кишварҳои асосии тасмимгир, чӣ кишварҳои Ғарб, чӣ Русия, чӣ Хитой, чӣ Эрон ва чӣ дигар ҳамсояҳои Афғонистон дар минтақа баракс роҳҳои тамос бо Толибонро меҷӯянд ва Русия, барои мисол, азм дорад, то Толибонро аз рӯйхатти сиёҳи созмонҳои ифротию террористӣ бароварда, имкону заминаи ҳуқуқии тамосҳо бо режими нави Толибонро васеътар кунад. Ин дар ҳолест, ки Русия умури сафорати Афғонистон дар Маскавро алакай ба дипломатҳои фиристодаи Толибон супурдааст.

Сафорати Афғонистон дар Душанбе аз камшумор сафоратҳоест, ки умураш дар дасти мухолифони Толибон боқӣ мондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Аввал ах Худо, дуввум аз Қатар мехоҳем, ки ба мақомоти қудратии иморати исломии Афғонистон 10-триллион дирҳам сармоягузорӣ кунад, ки дар 5-10 соли оянда ба як қудрати мутлақи низомӣ табдил шаванд, омин ё рабб!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button