ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронСиёсат

АБДУСАЛОМ ОДИНАЗОДА АЗ ЗИНДОНИ АВСТРАЛИЯ ОЗОД ШУД

Олими биохимики зодаи Тоҷикистон Абдусалом Одиназода аз зиндони Австралия озод шудааст. Ин хабар рӯзи 22 июни соли 2024 дар пайи дар саҳифаи Одиназода дар Фейск нашр шудани акси нави ӯ маълум шуд. Дар ин акс, ки зоҳиран баъди раҳоияш аз маҳбас гирифта шудааст, Абдусалом Одиназода бо мӯи сари дароз ва риши дароз намудор мешавад ва ҳам дида мешавад, ки дар солҳое, ки паси панҷара ба сар бурд, ба мӯйҳояш хеле сафедии бештар дамидааст.

Одиназода, ки 56 сол дорад, дар бораи кай ва чӣ гуна озод шуданаш аз маҳбаси Австралия маълумот надодааст, вале чанд нафар, аз ҷумла Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Додоҷон Атовуллоев ӯро бо озодӣ табрик гуфтаанд.

Абдусалом Одиназода, ки 25 январи соли 1968 дар деҳаи Сурхи Исфара ба дунё омада, дар Русия таҳсил ва чандин сол кор карда буд, соли 2006 ба Австралия кӯчида, баъдан шаҳрвандии инҷоро ба даст оварда буд. Одиназода чандин сол дар Австралия машғули корҳои илмӣ дар риштаи биохимия буд ва дар донишгоҳ дарс медод.

Ӯ соли 2015 ба Тоҷикистон баргашт ва дар Донишгоҳи тиббӣ дарс медод. Вале дар поёни соли 2016 дубора Тоҷикистонро тарк кард ва ба Австралия баргашт. Маълум набуд, ки оё дар Австралия ба фаъолиятҳои илмию омӯзгориаш ин дафъа низ идома медод ё на?, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол шуда буд.

Одиназода дар видеоҳояш мавқеи тунд дошт, аз гуруҳҳои ифротиву террористӣ пуштибонӣ мекард ва ба роҳбарони оппозитсияи тоҷик низ ҳамла меовард.  Ӯ ҳамин тавр, дар чанд видеои ахири қабл аз боздошташ ба исмоилиҳои муқими Тоҷикистон ҳамла карда буд.

Ба зидди Одиназода дар Тоҷикистон қаблан бо иттиҳомоти ифротгароӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд, вале баъди онки ӯ ба танқиди роҳбарони ҳизби оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) пардохт, троллҳои тарафдори ҳукумат аз “фабрикаи ҷавоб” ба ситоиши Одиназода сар карданд, ки “ақлаш даромадааст” ва “хатои худро фаҳмидааст”.

Худи Одиназода дар чанд видеои қабл аз боздошташ роҳбарони оппозитсияро айбдор мекард, ки ба мақомоти Австралия аз вай шикоят кардаанд.

Одиназода 22 декабри соли 2020 дар манзилаш дар шаҳри Перт, маркази аёлати Австралияи ғарбӣ дастгир шуд. Додгоҳи Австралия 26 августи соли 2022 собиқ корманди илмии Донишгоҳи Австралияи ғарбӣ (UWA) Абдусалом Одиназодаро бо ҷурми таблиғи терроризм дар видеоҳои дар Ютуб нашркардааш ба сеюним соли зиндон маҳкум кард. Дар оғоз ба зидди Одиназода 18 айби марбут ба терроризм эълон карда буданд, вале дар аввали моҳи августи соли 2022 ӯ ба муомила бо тафтишот розӣ шуда, як айби марбут ба таблиғи терроризм дар ҳамаи 15 видеои дар каналаш нашршударо ба гардан гирифт ва додгоҳ ӯро ҳукми нисбатан сабуктар дод.

Додрас Трой Суини  (Troy Sweeney ) гуфта буд, рафтори Одиназода ба азми Австралия ба самти “ҳусни таҳаммул, гуногунфарҳангӣ ва озодии баён” таҳдид эҷод мекунад.  Хонум Суини гуфт, Одиназода, албатта, ҳаққи баёни ақидаи худро дошт, вале ӯ аз ин ҳақ барои баёни ақидаҳои ифротӣ, ки метавонистанд мардумро ба анҷоми амалҳои хушунатомез ва тундгароӣ таҳрик диҳанд, сӯиистифода кардааст.

“Таҳмили чунин ақидаҳо комилан орӣ аз масъулият ва хатарнок аст “, – гуфтааст додрас.

Дар додгоҳ гуфта буданд, ки Одиназода аз моҳи январи соли 2019 то боздошташ дар декабри соли 2020 дар каналаш дар Ютуб видеоҳоеро нашр кардааст, ки дар онҳо аз мусалмонон даъват мекард, то ҳукумати Тоҷикистонро сарнагун карда, ба ҷои он хилофат барпо кунанд. Ӯ бисёр вақт мегуфтааст, ки фаъолиятҳои Толибон дар Афғонистон ва ДОИШ дар Сурия ӯро ба ваҷд меоранд.

Видеоҳои Одиназодаро дар умум 1 миллиону 600 ҳазор маротиба тамошо кардаанд. 78 фоизи тамошобинони ӯ дар Русия ва ҳудуди 12 дарсадаш аз Тоҷикистон будаанд ва дар худи Австралия видеоҳои ӯ ҳамагӣ 10 ҳазор тамошобин ҷамъ оварда будаанд.

Матбуоти Австралия навишта буд, ки Одиназода дар бисёре аз видеоҳояш аз тамошобинони худ даъват мекард, ки силоҳ ба даст оварда, гуруҳҳо мусаллаҳ ташкил диҳанд ва ба зидди ҳукумат ошӯб бардошта, Тоҷикистонро аз таъсири “кофирон”, ба мисли Русия ва Хитой озод карда, дар кишвар хилофати исломӣ барпо кунанд. Аз ҷумла дар видеое бо номи “Ҳамлаи муҷоҳиддин”, ки моҳи январи соли 2019 дар Ютуб гузоштааст, ӯ аз муҷоҳидин даъват мекунад, ки ҳукуматро дар деҳоти Тоҷикистон ба дасти худ бигиранд. “Бояд кори амалӣ шурӯъ шавад, бояд ҷиҳод сар шавад, муҷоҳидин бояд ба ҳамла гузаранд “, – гуфтааст ӯ. Дар видеои дигараш Одиназода гуфта буд, ки набояд аз марг ва шаҳодат дар “роҳи хайр” тарсид. “Мо набояд аз мурдан битарсем”, – таъкид карда буд Одиназода.

 Моҳи апрели соли  2020 мақомоти амниятиву ҷосусӣ ва пулиси Австралия бори аввал  хонаву мошини Одиназодаро кофтукоб карда, телефон, ноутбук ва диски компутари ӯро гирифтанд.

Одиназода он вақт розӣ шудааст, ки каналашро дар Ютуб бубандад. Аммо ҳамагӣ 6 ҳафта баъди ин, Одиназода каналашро аз нав кушода, ба нашри видеоҳои нав пардохтааст. Ӯ акнун ба тамошобинонаш мегуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз баста шудани каналҳояш ва ҳабси худ  дар баёни фикру назари худ эҳтиёт мекунад.

Журналисти австралиягӣ Ребекка Тёрнер аз қавли намояндагони додгоҳ навишта буд, ки  Одиназода як нафари оқилу босавод буд ва ба таври ҷиддӣ худро роҳбари ояндаи Тоҷикистон медид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Олими тоҷик дар зиндони австралия ба олими рус менделеев монанд шудасст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button