ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК ҶИНОЯТКОР ПУЛИ АЗ ҲАМА ЗАИФ ДАР БАЙНИ ПУЛҲОИ СОМОНИРО МАЪЛУМ КАРД (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 29 июни соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати ба муомилот баровардани асъори миллии қалбакӣ хабар дод. Дар ҷараёни тафтиши ин парванда як паҳлуи дигари ҷолиби ин қазия ошкор шуд: Сокини Душанбе Ибодулло Саидов ҳангоми ба муомилот баровардани пулҳои гуногуни сомонӣ маълум кардааст, ки пули аз ҳама заиф дар байни пулҳои сомонӣ пули 50 сомонӣ будааст.

Бино ба иттилои РВКД Душанбе, аз ҷониби кормандони шуъбаи дуюми милитсияи ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Саидов Ибодулло Аҳмадович, санаи таваллудаш 20.03.1973, ҳамчун гумонбар барои тайёр ва ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ дастгир карда шуд. Гуфта мешавад, Ибодулло Саидов қаблан барои қаллобӣ ва қочоқи маводи мухаддир 3 маротиба зиндонӣ шуда, беш аз 25 соли умри худро дар маҳбас сипарӣ кардааст, вале ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, блз даст ба ҷинояти махсусан вазнин задааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, Саидов Ибодулло сар аз моҳи апрели соли 2024 дар манзили истиқоматиаш бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ ва дастгоҳи чоп (принтер)  пулҳои миллии қалбакиро бо роҳи сохтакорӣ омода ва чоп кардааст. Аз ҷумла ӯ дар 12 ҳолат пулҳои 50 сомониии қалбакиро тавассути терминалҳои бонки “Душанбе Сити” ба ҳамёни электронии худ гузарондааст.

Ибодулло Саидов дар гузориши нашршуда нақл кард, ки барои тавассути терминал гузарондани пул аз як ҳилаи махсус истифода мебурд: “Пули қалбакиро терминал қабул намекунад. Ба ин хотир, ман як пули қалбакӣ ва як пули ҳақиқии 50 сомониро гирифта, мебуридам ва ба якдигар тавре пайваст мекардам, ки кодҳояшон тақсим шавад.  Вақте ин хел пайваст мекардам, терминал қабул мекард”.

Ибодулло Саидов гуфт, тақрибан ду моҳ боз ба ин кор машғул буд ва дар ин муддат шояд ба маблағи ягон 2 ҳазор сомонӣ пули қалбакӣ тайёр карда бошад.

Ӯ дар идомаи нақлаш аз як “бозёфт”-и ҷолиби худ дар ҷараёни анҷоми ин аъмоли ҷиноӣ хабар дод: “Якум бор пули 10 сомониро гирифта, тайёр кардам, лекин терминал қабул накард. Баъди пули 100 сомонӣ ва дигар пулҳои сомониро сохтакорӣ кардам ва дидам, ки онҳоро низ терминал қабул намекунад. Аммо вақте ки пули 50 сомониро буридаму бо скотч пайваст кардам ва ба терминал супурдам, терминал қабулаш кард. Ҳамин хел фаҳмидам, ки пули 50 сомонӣ мегузаштааст дар терминал, дигар ягонтоашро қабул намекунад. Ягон 2 ҳазор сомониро ман ҳамин хел аз тариқи терминал ба кортам гузаронда, баъд нақдӣ карда гирифтам…”

 Ҳоло нисбат ба Саидов тибқи талаботи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Ба Саидов Ибодулло бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 5 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Албатта, гумон аст, ки бонки “Душанбе Сити” барои кашфи як нуқтаи заъфи терминалҳояш ва Бонки миллии Тоҷикистон барои маълум кардани пули миллии аз ҳама заиф ба Саидов Ибодулло ягон мукофот бидиҳанд, вале дар пайи ин қазия бояд ҷиддан дар фикри ислоҳи ин ҳолат шаванд: “Душанбе Сити” дар фикри такмили низоми шиносоии пули ҳақиқиву қалбакӣ дар терминалҳояш шавад ва Бонки миллӣ аз паси ин шавад, ки оё бо ин нуқтаи заъфи яқиншудаи пули 50 сомонӣ бояд акнун чӣ кунад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button