ЯК ФОЛБИН ДАР ДУШАНБЕ БО ВАЪДАИ “ГАРМОХУНУК” 30 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ ЯК ҶАВОНЗАНРО ГИРИФТААСТ (АКС)
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 29 июни соли 2024 аз боздошти як зани фолбини 50-сола хабар дод, ки бо ваъдаи гарм кардани муносибати шавҳараш ба маблағи беш аз 30 ҳазор доллар ороишоти як ҷавонзанро тасарруф кардааст.
Милитсия мегӯяд, мутаассифона, то ҳол ҳастанд нафароне, ки гӯё ба соҳибкаромот будан ва истеъдоди фавқулодда доштани соҳирону фолбинон бовар мекунанд ва маҳз ҳамин зудбоварист, ки то ҳол бозори чунин афродро гарм нигоҳ медорад ва намегузорад, ки фолбинҳову ҷодугарҳо, ки милитсияи пойтахти Тоҷикистон, онҳоро “тоифаи муфтхӯрон” ном мебарад, аз байн бираванд.
Бино ба иттилоияи нашршуда, кормандони милитсия шаҳрванд Ҳалимова Донагул, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанберо дастгир карданд, ки “аз содагиву зудбоварии шаҳрвандон истифода намуда, бо ваъдаи фолбиниву ҷодугарӣ ва ба истилоҳи мардумӣ гарм намудани муносибатҳои занону мардон, маблағҳои калони пулӣ ва ҷавоҳироти гаронарзиши занҳоро гирифта, аз они худ мекардааст”.
Аз ҷумла Ҳалимова Донагул ба он муттаҳам мешавад, ки “аз як ҷавонзани сокини пойтахт барои шавҳарашро бо ӯ дилгарм намудан миқдори зиёди ҷавоҳироти нуқрагину тиллогин, ки арзиши умумиашон беш аз 30 ҳазор долларро ташкил медиҳанд, гирифта, дигар бозпас надодааст”.
Ҳалимова Донагул дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ба ин зан бар асоси ин банди қонун ҷаримаи ҳангуфт ё то чанд соли зиндон таҳдид мекунад.
ВКД Тоҷикистон аз моҳи феврал ба ин сӯ дар ҷумҳурӣ як маъракаи густарда барои ошкор сохтани фолбинҳову ҷодугарҳоро ба роҳ монда, то имрӯз дар бораи боздошти тақрибан 200 нафар бо чунин иттиҳом хабар додааст.
То кунун барои машғул шудан ба фолбинию ҷодугарӣ дар Тоҷикистон танҳо ҷарима пешбинӣ шуда буд, вале моҳи июн ҷазо ба қонунгузорӣ тағйироте ворид карда шуд, ки бар асоси он, фолбинҳову ҷодугарҳоро метавонанд зиндонӣ ҳам кунанд. ВКД ҳамчунин эълон кард, ки мақомот ҳамчунин дар пайи таҳияи рӯйхатти ягонаи афроде шудаанд, ки аз ҳисоби фолбинӣ, сеҳру ҷоду, навиштани тӯмору таштоб в адигар роҳҳои, ба ақидаи мақомот, “мардумфиребӣ” рӯз мебаранд.