ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ШАҲРИСТОНУ ШАҲРИ БАРБАР, ДУЗДИИ НОБОЛИҒ ВА ҚАЛЛОБӢ БО МИЗУ КУРСӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 29 июни соли 2024
Ҳалокати ронанда ва мусофир дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
Шаби 27-уми июни соли 2024, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла», Ғафоров Сӯҳроб Абдуҷабборович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди мавзеи деҳаи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронанда Ғафоров С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Чор нафар мусофирони автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
27-уми июни соли 2024, тахминан соати 11:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ 21-21”, Саллоев Абдуҷаббор Ғафурович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми аз тарафи маркази ҳамин ноҳия ба самти деҳаи Шаҳри Барбар ҳаракат кардан дар мавзеи “Се дӯлона” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз баландии 30 метр сарозер шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Абдураҳмонов Муҳаммадрасул Ҳакимхонович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Фархор, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашина Саллоев А.Ғ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Даст ба дуздӣ задани ноболиғи 16-сола
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз 15-уми апрел то 10-уми июни соли 2024 бо мақсади дуздӣ ба ҳавлии навсохтмон, воқеъ дар суроғаи ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, ки ба марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, даромада, аз он ҷо якчанд намуд оҳанпора ва лавозимоти сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани қаллобии марди 32-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 4-уми майи соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 10 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ва 150-адад мизу курсӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.