АВВАЛ ДАР ХОБАШ БУҒӢ КАРДУ ЛАБИ ҶӮЙБОР БУРД. ДИД, КИ ЗИНДА АСТ, БОЗ 5 КОРДАШ ЗАД…
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати қатли бераҳмонаи ҳамсари собиқ аз ҷониби шавҳар хабар дод.
Бино ба иттилои ВКД, зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Вахш бо иттиҳоми содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Тафсилоти дигари ин куштор бо бераҳмии махсус нашр нашудааст. Сабаби даст ба чунин амал задани сокини Вахш маълум нест. Ин ҳам рӯшан нест, ки ҷавонзан чаро аз Душанбе роҳи дарозро тай карда, ба пеши шавҳари собиқаш омадааст ва шаб онҷо мондааст?
Ба эҳтимоли ғолиб, ӯ шояд умед дошт, ки шавҳараш дар фикри аз нав барқарор кардани ҳаёти оилавиашон аст? Бехабар аз ин ки ба истиқболи марги худ аз дасти марди дӯстдоштаи собиқаш аз Душанбе ба Вахш раҳсипор шудааст.
Ба зидди сокини Вахш бар асоси қисми дуюми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои одамкушӣ бо бераҳмии махсус ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё сӯиқасд ба куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Дар бештари мавридҳо шавҳарон ва асосан дар заминаи рашк қасди ҷони ҳамсарони худ мекунанд.
Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.