ВидеоИқтисодТоҷикистон

ШУМОРАИ ҚУРБОНИЁНИ СЕЛ ДАР ДАШТИ ҚОЗӢ ВА КИШТӮДАКИ ПАНҶАКЕНТ БА 12 НАФАР РАСИД (ВИДЕО)

Нимаи дуюми 19 июл бар асари сели шадид дар деҳаи Дашти Қозӣ ва  чарогоҳи тобистонаи деҳаи Киштӯдак дар Панҷакент 12 нафар, аз ҷумла кӯдакон  ба ҳалокат расидаанд. Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, то ин дам ҷасади 10 нафарро аз зери обу гил берун кашидаанд ва ҷустуҷӯи ду ҷасади дигар идома дорад.

Умеда Юсупова гуфт: “Тақрибан соати 15:30 боронҳои пай дар пай дар деҳаи Дашти Қозии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд фаромадани селро ба амал оварданд. Тибқи маълумоти пешакӣ дар натиҷаи офати табиӣ, обу лойқа қисман ба 15 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, 3 километр роҳи байни деҳаҳо зарар расонида, боис ба талафоти 35 сар чорво низ шуд”.

Хуршед Фозилов, хабарнигори муқими Панҷакент дар Фейсбук аз қавли Муҳаммадсодир Сафарзода, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент,  хабар дод, ки ҳодиса тақрибан соатҳои 17 ба 18-и санаи 19 рух дода, дар пайи боришот сели азим омада, мардумеро, ки дар овул қарор доштанд, мебарад.

“То зӯҳри 20 июл ҷасади 10 нафар, ки аз деҳаи Киштӯдаки боло дар ин ҳодиса ҳалок шуданд, пайдо карда шуд ва онҳоро ба хок месупоранд. Кофтукови 2 нафари дигар давом дорад. Хисороти дигарро комиссия ҳисоб карда истодааст. Ҳама ниҳодҳои марбута дар ҷои ҳодиса қарор доранд,”– гуфтааст Сафарзода.

Маҳкамбой Ҳалимов, котиби ҷамоати деҳоти Ёрӣ гуфт, танҳо дар деҳаи Вешист, 200 сар моли майда, 7 мошин, 9 сар моли калон, 1 пул ва 1 трансформаторро сел ба коми худ бурдааст.

Қаблан мақомот номи ду қурбонӣ — Мусаллама Эгамбердиева ва Ором Эралиеваро, ки зери лой монда, ҷон бохтаанд, эълон карданд.

Гуфта мешуд, ки 7 нафари дигар, аз ҷумла 4 кӯдак, дар чарогоҳи деҳаи Киштудак, ки аз маҳалли зисташон 30 километр дуртар будааст, туъмаи сел шудаанд.

Шоми 19 июл дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Айнӣ низ боришоти шадид ва селу обхезӣ мушоҳида шудааст. Дар видеоҳое, ки “Азия Плюс” аз ноҳияи Айнӣ нашр кард, дида мешавад, ки сел ҳатто як мошини сабукравро бурдааст.

https://www.facebook.com/groups/2577733702484417/posts/2979808078943642/

Дар аввали моҳи май низ бар асари селу боришот дар Тоҷикистон 9 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо хона ва садҳо гектар замини кишт хароб шуданд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ ба шумор меравад. Ба ҳисоби мақомот, аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза, лағжиши хок ва дигар офатҳои табиӣ ба иқтисоди кишвар ҳудуди 2 миллиард доллар зарар расондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button