ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ КОРМАНДИ ВОЕНКОМАТРО ҲАНГОМИ “ОБЛАВА” КОРД ЗАДААНД

Як корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро ҳангоми амалиёти аз хонааш ба комиссариати ҳарбӣ бурдани як даъватшаванда ду зарбаи корд задаанд.

Корманди военкомат ҳоло дар бемористон бистарист ва ҳамлагар дастгир шудааст.

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз ноҳияи Панҷ хабар дод, ки ҳодиса дар аввали моҳи май дар ҷамоати Меҳвар рӯй додааст.

“Кормандони комиссариати ҳарбӣ шабона ба хонаи Ҳаким Раҳмон, мудири мактаби миёнаи №3 меоянд, ки яке аз писаронаш бо вуҷуди ирсоли чандин даъватнома аз ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ сарпечӣ мекардааст. Ҳангоми кӯшиши бо зӯрӣ бурдани писари мудири мактаб, писари дигари ӯ бо кормандони комиссариат ҷанҷол мекунад ва дар ҷараёни муноқиша, яке аз кормандони комиссариатро ду корд мезанад”, – гуфт ин манбаъ.

Бино ба иттилои манбаи “Бомдод”, он писари Ҳаким Раҳмон, ки бояд ба артиш мерафт, фирор кардааст, вале писари дигари мудири мактабро, ки корманди комиссариатро корд зад, дастгир кардаанд. Ҳоло ба ӯ бар асоси моддаи 328 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ҳамла ба намояндаи давлат то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, ноҳияи Панҷ нақшаи даъват ба артишро то ҳол иҷро накардааст ва мақомот ҳатто ба имомхатибон дастур додаанд, ки аскар ҷамъ кунанд.

Мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом хоҳад кард. Ҳар сол дар мавсимҳои баҳорӣ ва тирамоҳии даъват ба артиш аз Тоҷикистон шикоятҳрои зиёд дар бораи “облава”, яъне дар хонаҳояшон ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар кӯчаву бозор доштану ба артиш бурдани ҷавонони даъватшаванда шикоятҳо ба даст мерасанд.

Ин нахустин ҳодисаи ҳамла ба кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон нест.

7 ноябри соли 2015, дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чанд ҷавон ба 4 корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ҳамла карданд. Дар натиҷа прапоршик Ҳамза Насибов ва майор Пӯлод Мирзоев ба ҳалокат расида, дуи дигар ҷароҳат бардоштанд. Моҳи апрели соли 2016 додгоҳи Душанбе сокини Кӯлоб Умедҷони Амрохонро бо ҷурми куштори ин афсарон ба 30 соли зиндон маҳкум карда, 5 нафари дигарро ба муҳлати аз 1 то 4 сол равонаи зиндон кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button