ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ҚАМЧИБЕК ТОШИЕВ АЗ МАРДУМИ ТОҶИК УЗР ПУРСИД Ё НЕ? КДАМ ГУФТ, ВИДЕО СОХТА АСТ (ВИДЕО)

Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки гӯё дар ҷараёни музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар аввали моҳи май роҳбари ҳайъати Қирғизистон ва раиси КДАМ он кишвар Қамчибек Тошиев аз мардуми тоҷик барои хунрезии ахир дар марзи ду кишвар узр мепурсад. Ин видео мавҷи вокунишҳоро дар байни корбарони қирғиз дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехтааст.

Дар сабти кӯтоҳ дида мешавад, ки аъзои ҳайъати Қирғизистон, аз ҷумла Тошиев ва волии ҳамакнун собиқи вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев дар муқобили ҳайъати Тоҷикистон бо раҳбарии раиси КДАМ ин кишвар Саймумин Ятимов нишастаанд ва дар толори музокирот вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳам ҳузур доранд.

 «Мо бо халқи муҳтарами тоҷик дар сулҳу созиш зиндагӣ хоҳем кард. Моро бубахшед», — мегӯяд Тошиев дар ин навор.

Баъди ин суханон бархе аъзои ҳайъати Тоҷикистон табассум мекунанд ва дар посух ба Тошиев “ташаккур” мегӯянд.

Вале хадамоти матбуоти КДАМ Қирғизистон рӯзи 6 май дар як баёнияи кӯтоҳ ин видеоро сохта (фейк) номид.

«Сабти видеоии дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда дар ин бора, ки раиси КДАМ ва раиси ҳайъати ҳукуматии Қирғизистон дар комиссияи таъйин ва аломатгузории марзҳо Қамчибек Тошиев аз ҳайъати Тоҷикистон узр мепурсад, навори сохта буда, беобрӯ кардани роҳбари идораро ба ҳадаф дорад», – гуфта мешавад дар баёнияи КДАМ ҶҚ.

Дар поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрдҳои хунине сурат гирифт, ки дар ҷараёни он аз ҳарду тараф дастикам 53 нафар кушта ва 236 нафари дигар захмӣ шуда, ҳудуди 300 хонаву мағозаву мактаб ва гузаргоҳҳои марзиву иншооти дигарро оташ заданд.

Рӯзҳои 1 ва 2 май музокироти ҳайъатҳои ду кишвар пиромуни масоили марзӣ доир шуд. Ду ҷониб дар ин музокирот ҷиҳати оташбас ва хуруҷи нирӯҳо аз нуқоти доғ дар марз тавофуқ кардандю Ҳамчунин тавофуқ шуд, ки алакай то 9 май тасвири хатти марз дар қисматҳои баҳсии марзи  Тоҷикистону Қирғизистонро анҷом дода, аз Хоҷаи Аъло то ҷамоати Ворух дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчыгай) якҷоя роҳи мошингард бисозанд ва ба тасвири хатти марз дар қисмати Ворух танҳо сохтани ин роҳ шурӯъ кунанд.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қисматҳои баҳсии ин марз, ки асосан дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғжи Тоҷикистон бо ноҳияҳои Бодканд ва Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд,  ҳар сари чанд вақт муноқишаҳои хунин рӯй медиҳанд.

Муноқишаи поёни моҳи апрел пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button