ВидеоИқтисод

АЗ 1 ИЮН ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТИ ВАЗНИН ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ–ХУҶАНД–ЧАНОҚ МАҲДУД ГАРДИД

Филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон, ки тибқи шартномаи консессионӣ бо ҳукумат масъулияти пулчинӣ ва нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе–Хуҷанд–Чаноқро бар дӯш дорад, хабар дод, ки аз 1 июни соли 2023 то 31 август, ҳар рӯз аз соати 10:00 то соати 19:00 дар ин шоҳроҳи ягонаи байни вилояти Суғд ва маркази ҷумҳурӣ дар роҳи ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.

Ширкат гуфт, ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

“Икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ширкат.

Ширкат гуфт,  ба сабаби аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн дахл дорад, зарурати таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба миён омадааст.

Пешгирӣ аз вайроншавии роҳ дар фасли гармо, ки фишори мошинҳои гаронвазн ба роҳҳои мумфарш бахсус дар дамои рӯз боло меравад, як ҳадафи аслии ҷорӣ кардани чунин маҳдудият ном бурда мешавад.

IRS мегӯяд, ки чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

Шоҳроҳи Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ бар пояи қариб 300 миллион доллар қарзи Хитой бозсозӣ гардида, соли 2009 масъулияти пулчинӣ ва нигоҳубинаш  ба ширкати IRS дода шуд. Бино ба гузоришҳо, ин ширкат ба Ҷамолиддин Нуралиев, яке аз домодҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Худи Нуралиев инро рад мекунад. IRS то кунун расман исми моликони худро нашр накардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button