ВидеоКоррупсия

РАИС 210 САР ЧОРВОИ ХОҶАГИРО ФУРӮХТА, 274 ҲАЗОР СОМОНИРО БА КИСА ЗАД ВА … БО ҶАРИМА ХАЛОС ШУД

Додгоҳи ноҳияи Спитамен Салим Юлдошев, раиси кооперативи тиҷоратии “Машъал”-и АИО “Зарзамин”-ро, ки дар давраи раисиаш 210 сар чорвои хоҷагиро аз пеши худ фурӯхта, 274 ҳазору 400 сомонӣ пулашро ба киса зада буд, ҳамагӣ 129 ҳазору 200 сомонӣ, яъне ду маротиба камтар аз пули азонихудкардааш ҷарима баста ҷавоб додааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 29 марти соли 2023 хабар дод, ки Юлдошев Салим Рӯзибоевич дар вазифаи роҳбари кооперативи тиҷоратии “Машъал”-и АИО “Зарзамин”-и ноҳияи Спитамен кору фаъолият намуда, ҷинояти азонихудкунӣ ба миқдори махсусан калонро содир кардааст.

“Чунончи, ӯ дар давоми фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бе қарори маҷлиси умумӣ ва розигии аъзоёни кооперативи тиҷоратии номбурда, дар давраи аз 29 марти соли 2021 то 16 сентябри соли 2022 – 210 cap чорвои майда, ки аз ин 6 cap меш, 46 cap гӯсфанди хароб (брак), 112 cap гӯсфанди нар, 21 cap барраи нари соли 2021, 15 барраи соли 2022 ва 10 барраи модаи зодаи соли 2021-ро ташкил медиҳанд, ба фурӯш бароварда, маблағи онро аз они худ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф карда, бо ин кирдораш ба кооперативи тиҷоратии “Машъал” ба маблағи 274.400 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи Додситонии кул.

Додситони ноҳияи Спитамен нисбат ба Салим Юлдошев бар асоси моддаи 245, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба додгоҳи ин ноҳия супурда буд. Додгоҳи ноҳияи Спитамен  бо ҳукми худ аз 20.02.2023 Юлдошевро бар асоси ин банди қонун гунаҳгор донист, вале нисбаташ ҷазои сабуки ҷарима ба андозаи 1900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 129.200 сомонӣ ва 2 сол маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайянро таъин кардааст. Ин дар ҳолест, ки ин банди қонун барои тасарруфи маблағҳо ба маблағи махсусан бузург ҳамчун ҷазо ба ҷуз аз ҷарима аз 10 то 15 соли зиндонро низ пешбинӣ мекунад.

Дар таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон бо ҷаримаи рамзие ҷавоб додани мансабдорони барои гирифтани пора ё тасарруфи моли давлат ба даст афтода ба як амри роиҷ табдил ёфтааст. Соҳибназарон мегӯянд, бо чунин шеваи ба қавле “раҳмдилона” Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар мубориза бо коррупсия, ки дар ин кишвар ба як падидаи фарогир ва қотили рушду пешрафти ҷумҳурӣ табдил ёфтааст, пирӯз шуда наметавонад.

Тоҷикистон дар радифи 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button