ВидеоТоҷикистон

МУҲИМТАРИН ХАБАРҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ “БОМДОД”: 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2021

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 9 январи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

Иддаои ВКД дар бораи ҳукми зиндони Дона Набиеви 80-сола ва раддияи ҲНИТ

Боздошти падарандар барои бадахлоқӣ нисбат ба кӯдаки 10-сола

Ду сол ҳукми зиндони як сокини Русия барои кӯшиши озод кардани муҳоҷирони тоҷик

Мисли гангстерҳо аз филмҳои Ҳолливуд: Боздошти як гуруҳи роҳзанҳои ниқобпӯш

Марги як зани 69-сола дар зери чархи “Мерседес-Спринтер”

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) рӯзи 9 январ дар як баёния изҳороти як рӯз қабли ВКД дар бораи узви собиқадори ин ҳизб Дониёр (Дона) Набиеви 80-соларо ”сёсӣ, комилан беасос ва туҳмати ошкор”  номида,  рад кард. Дона Набиев (Бобои Дона) 27 августи соли 2020 дастгир шуд ва додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ахиран ӯро бо ҷурми ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Дар изҳороте, ки шаби 8 январ нашр шуд, ВКД гуфт, сокини 80-солаи деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ Дона Набиев дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард” ва “дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон иштирок кардааст.”

Аммо ҲНИТ дар изҳороташ мегӯяд, бобои Дона дар ҷанги шаҳрвандӣ аслан ширкат надошт ва ба ҷое ҳиҷрат ҳам накарда буд. “Дар сохтори ҲНИТ дар ҳеҷ замоне симате ба унвони Қозӣ вуҷуд надошт, бино бар ин, иддаои ВКД ҳақиқат надорад”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

ВКД дар баёнияаш гуфт, бар асоси созишномаи сулҳи соли 1997 амалҳои қаблии Дона Набиев мавриди афв қарор гирифтанд, вале ӯ баъди манъи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 низ ба амалҳои зиддиқонуниаш идома дода, аз ҷумла маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошударо барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба саффи гуруҳҳои ҷиҳодӣ ва кумак ба ҷангиёни Ҷамоати Ансоруллоҳ сарф кардааст.

Вале ҲНИТ дар раддияаш ҳар навъ иртиботи худ бо “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро рад карда, гуфт,  агар Бобои Дона ба зиндониёни сиёсӣ кумаке кардааст, ин ҷиноят нест ва ӯ ин кумакҳоро аз ягон хадамоти махсус нагирифтааст.

ҲНИТ дар айни замон таъкид кардааст, ки “ирсоли  маблағҳо аз тарафи хонавода, наздикон ва аъзои ҲНИТ ба хонаводаи зиндониёни сиёсӣ аслан ҷиноят нест ва таъкид мекунем, ки бобои Дона агар кумаке карда аз хешовандону наздикон ва аъзои ҲНИТи дар хориҷ буда дарёфт кардааст ва ҳеҷ рабте ба хадамоти махсуси ягон кишвар надорад.”

Раёсати олии ҲНИТ талаб кардааст, ки аз “бадном кардани як пирамарди бегуноҳ ва ҲНИТ” даст бикашанд ва бобои Донаро фавран озод кунанд.

ххххххх

Эмомалиев Намозалӣ Хурсандович, санаи таваллудаш 7 майи соли 1989, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми ҳаракатҳои бадахлоқонаи шаҳвонӣ нисбат ба духтарандари 10-солааш дастгир шудааст. Ба зидди ӯ бар асоси қисми чоруми моддаи 139-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба Эмомалиев бар асоси ин банди қонун то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

РВКД Душанбе гуфт,«дар доираи чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки дастгиршуда Эмомалиев марҳила ба марҳила якчанд мартиба аз набудани ҳамсараш истифода бурда, дидаю дониста, ки духтарандари 10-солааш дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дар манзили истиқоматиаш нисбати охирон ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта анҷом дода, бо ин роҳ нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст.»
Намозалӣ Эмомалиев, ки соли 2015 барои саркашӣ аз пардохти алимент маҳкум ба зиндон шуда буд, ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. РВКД Душанбе гуфт, ки ӯ баъди раҳоӣ аз зиндон дубора издивоҷ карда, аз издивоҷ бо модари кӯдаки ҷабрдида соҳиби ду фарзанд шудааст. Бо ташаббуси РВД Душанбе,  ҷиҳати барқарор намудани ҳолати рӯҳиву равонии ноболиғдухтари 10-сола равоншиносони таҷрибадори пойтахт ҷалб карда шудаанд.

хххххх

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани чанд мавриди ҳамлаҳои ғоратгарона ба нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод. ВКД гуфт, ин гуруҳи роҳзанҳо ба рӯ ниқоб кашида, бо чӯбдаст ва маводи тарканда мусаллаҳ шуда, бо мақсади ғоратгарӣ ба нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти ширкати “Ғайрат-82” дар деҳаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ ва нуқтаи №14-и ширкати “Газпромнефт” Тоҷикистон дар деҳаи Шӯроб дар канори шаҳри Ҳисор ҳамла мекарданд.

Ин гуруҳи ҷиноиро Саидов Исматулло, с.т. 1995, сокини ҷамоати Работ, воқеъ дар канори шаҳри Турсунзода ташкил карда, ба ин гуруҳ чанд сокини ҷавони ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакиро ҷалб кардааст.Саидов аз ҷумла ба он айбдор мешавад, ки бо шариконаш Муртазоев Ҷамшед ва Набиев Комилҷон, сокинони ҷамоати Сарикиштӣ, ки ҳанӯз дар кофтуков қарор доранд, бо маслиҳати пешакӣ моҳи декабри соли 2019 шабона ба рӯяшон ниқоб кашида ва бо чӯбдастҳо мусаллаҳ шуда, ба нуқтаи сӯхтфурӯшии ширкати “Ғайрат-82”, воқеъ дар деҳаи Чортути ҷамоати Сарикиштӣ ҳамла кардаанд. Онҳо хазинадори ин нуқта Зокир Муҳиддиновро латтукӯб карда, аз хазинаи мағоза 26 ҳазору 820 сомониро ба яғмо бурдаанд.

Ҳамчунин Саидов Исматулло бо Холиқов Баҳриддин, с.т. 2002, сокини ҷамоати Сарикиштӣ, моҳи марти соли 2020, ба рӯ ниқоб кашида ва бо чӯбдастҳо ва моддаи таркандаи худсохт мусаллаҳ шуда, ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории №14-и ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон”, воқеъ дар деҳаи Шӯроби ҷамоати Сомон дар канори шаҳри Ҳисор ҳамла кардаанд. Роҳзанҳо дар ин ҷо посбон Ҷамолиддин Ҷобировро латтукӯб карда, бо истифода аз маводи тарканда аз хазина 2200 сомониро тасарруф кардаанд.

ххххххх

Нимаи дуюми 8-уми январ, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», Юсупов Шаҳзод Мавлонович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Сохтмончии деҳаи Зарнисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ортиқбоева Савриниссо Мухторовна, соли таваллудаш 1951, сокини шаҳри Гулистонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Ортиқбоева С.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Ххххх

Додгоҳи ноҳияи Окулови вилояти Новгороди Русия сокини Перм, намояндаи ширкати «ЛССТРОЙ» Андрей Степановро дар кӯшиши додани пора ба корманди пулис гунаҳкор шинохта, ба ду соли зиндони низомаш умумӣ ва ҷарима ба маблағи 500 ҳазор рубл маҳкум кард. Степанов дар додгоҳ худро гунаҳгор эътироф накард ва гуфт, кӯшиш карда буд, то коргарони тоҷикашро аз истибдоди кормандони пулис, ки онҳоро ғайриқонунӣ дастгир карда буданд, халос кунад.

Бино ба маводи ин парванда, рӯзи 5 ноябри соли 2019 як гуруҳи кормандони ширкати «ЛССТРОЙ», асосан муҳоҷирон аз Тоҷикистон, дар шоҳроҳи М1 сутуни барқ мешинонданд. Кормандони пулис ҳамон рӯз рейд гузаронда, 10 муҳоҷири тоҷикро дастгир карданд. Баъди чанде намояндаи «ЛСССТРОЙ» Андрей Степанов ба шуъбаи пулис омада, дар бораи шарту шурути озод кардани муҳоҷирон бо кормандони пулис вориди музокирот шуд.

Корманди пулис Б. ба Степанов пешниҳод кард, ки дар ивази 100 ҳазор рубл метавонад онҳоро аз ҷазои сахттар халос кунад ва дар оянда ҳимояти онҳоро ба дӯш бигирад.

Степанов ба ин шарт розӣ шуд. Рӯзи 6 ноябр, вақте ки Степанов дар дохили мошини Б. ба ӯ 100 ҳазор рубли ваъдагиро дод, аз ҷониби кормандони ФСБ дастгир шуд. Степанов дар додгоҳ гуфт, ки қурбони иғво шудааст, чунки корманди пулис аз вай пора талаб карда буд ва ӯ илоҷе ба ҷуз аз пазируфтани талаби вайро надошт. Степанов гуфт, агар кормандонашро чанд рӯз дар боздошт нигоҳ медоштанд ваё ихроҷ мекарданд, кор мемурд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button