ВидеоНуқтаи назарҲуқуқи инсон

ҲАБСИ БОЗ ЯК БЛОГЕР БАРОИ НАШРИ ВИДЕОҲОИ ТАҲҚИРОМЕЗ ВА ИСТИФОДАИ АЛФОЗИ ҚАБЕҲ (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии Душанбе шоми 17 январи соли 2023 аз ҳабси боз як блогери тоҷик барои  нашри наворҳои таҳқиромез ва истифодаи алфози қабеҳ дар Интернет хабар дод.

Дар иттилоияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки “новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҷиҳати истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ, мутаассифона боз ҳастанд нафароне, ки ба хотири зиёд намудани шумораи обуначиёни худ наворҳои ғайриахлоқию таҳқиромез омода сохта, дар саҳифаҳои иҷтимоии худ нашр мекунанд”. Ба ин сабаб, меафзояд милитсияи Душанбе, “дар заминаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, мақомоти милитсия бо мақсади пешгирӣ ва ислоҳ намудани чунин афрод, дар байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда истодааст”.

Аз ҷумла, як қатор шаҳрвандон ба раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо ирсоли як навор муроҷиат намуданд, ки нисбати як нафар ба ном «блогер» чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.

Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки ин нафар шаҳрванд Ҳимматзода Ҳабибулло Убайдулло, соли таваллудаш 18.08.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Қарабоев мебошад. Кормандони милитсия ӯро дастгир ва ба мақомот дастрас кардаанд.

“Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» саҳифаи худро кушода, пайваста ба паҳн намудани наворҳои таҳқиромезу пур аз дашном ва алфози қабеҳ машғул аст”, – хабар медиҳад милитсия.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҳабибулло Ҳимматзода протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шудааст. Милитсия гуфт, ки ҳамзамон, Ҳимматзода ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдори ғайриқонунӣ даст назадан қатъиян огоҳонида шуд.

Худи Ҳабибулло Ҳимматзода барои шарҳи ин қазия дастрас нест.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон вақтҳои охир назоратро бар муҳтавои маводе, ки блогерҳо ва дигар корбарони тоҷик дар Интернет мегузоранд, сахт карда, дар чанд ҳафтаи охир алакай чандин блогер ва ҳатто ҳунармандонро барои нашри маводи “бадахлоқона” ҷазо додаанд.

Аз ҷумла моҳши декабр ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ду ба ном “блогер” аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки дар шабакаи Инстаграм канале бо номи “Ҳодиса ТВ” кушода буданд,  бо ҷурми паҳн кардани маводи шаҳвонӣ ё порнографӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

ВКД гуфт, Абдуллоев Амрохон Акбархонович, соли таваллудаш 1999 ва Фозилов Рустам Зоҳидбоевич, соли таваллудаш 2000 ба хотири ҷалби тамошобини бештар ва гирифтани лайки зиёд аксҳои шаҳрвандонро аз саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта, ба бадани онҳое, ки дар видеоҳои порнографӣ иштирок мекунанд, мечаспонданд ва дар саҳифаашон дар шабакаи Инстаграм нашр мекарданд.

Ҳамчунин дар поёни моҳи ноябр милитсияи шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки як духтари блогер бо лақаби Сникерси тоҷикиро барои истифодаи лаҳни пурдашном дар видеоҳояш барои 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.  Ин блогер, ки Фотима Ашӯрова, сокини шаҳри Бӯстон будааст, бо истифода аз дашномҳои сирф “мардона” мехост таваҷҷуҳи тамошобинонро ба видеоҳои худ ҷалб кунад. Ҳамин тавр, милитсияи пойтахт рӯзи 8 декабр хабар дод, ки Суман Латифова ном блогер аз маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанберо барои истифодаи алфози қабеҳ дар Тик Ток ҷарима бастаанд.

Ҳамин тавр, дар аввали моҳи декабр дар Интернет сабтҳои видеоии алоҳидаи овозхони ҷавон Рафоати Ҷамшед ва раққоса Суман Қамбарова нашр шуд, ки дар ин видеоҳо ҳарду барои рафтори ношоистаи худ аз мардуми тоҷик узр мепурсанд ва бо изҳори сипос ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои аз роҳи бад баргардондани онҳо ваъда медоданд, ки аз ин ба баъд ба либоси миллӣ ва ахлоқу арзишҳои миллӣ арҷу эҳтиром гузошта, даст ба рафторе нахоҳанд зад, ки духтари тоҷикро бадном кунад.

Ҳам Рафоати Ҷамшед ва ҳам Суман Қамбарова дар видеоҳои худ барои онҳоро аз роҳи бад баргардондану ба роҳи дуруст ҳидоят кардан  ба мақомоти милитсия изҳори сипос  карданд. Вале то кунун ягон ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи ба мақомот барои суҳбат даъват шудани ин ҳунармандон ягон хабари расмӣ нашр накардааст. Маркази матбуоти ВКД аз сабти ин видеоҳо аз ҷониби ниҳодҳои зирабти ин вазорат изҳори бехабарӣ кард. Вале РВКД ш. Душанбе ҳангоми нашри хабари муҷозоти блогер Суман Латифова навишта буд: Мақсад аз татбиқи ҷазо ва роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифатнокию одоби истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани фарҳангу ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Ин иқдоми пешанамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз ҷониби шаҳрвандон ҳамовозӣ пайдо намуд, минбаъд низ идома хоҳад ёфт”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button