ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ИНТИҚОЛИ ОРАЗ ВА РАМЗӢ ВАЗИРБЕКОВҲО БА МАҲБАСИ НИЗОМАШ САНГИНИ ХУҶАНД


Ду фаъоли маданиро аз Бадахшон, ки дар шароити мармуз дастгир ва паси дарҳои баста зиндонӣ шуданд, аз Боздоштгоҳи Душанбе ба маҳбаси низомаш сангини Хуҷанд бурдаанд.

Ораз Вазирбеков 16 сол ва Рамзӣ Вазирбеков   13 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд. Додрас моҳи ноябри соли 2022 онҳоро ба “иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ” ва “даъват дар Интернет барои бо зӯр гирифтани ҳокимият” гунаҳкор донист. Худашон ва пайвандонашон ҳукмро беасос номиданд.

Наздикони Ораз Вазирбеков рӯзи 3-юми январи соли 2023 ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо рӯзи 28-уми декабри соли 2022 аз пойтахт ба маҳбаси Хуҷанд бурда шуданд.

“Масъулони зиндон иҷоза надоданд, ки мулоқот кунем. Гуфтанд, то ду ҳафтаи дигар дар карантин ҳастанд,” — гуфт яке аз пайвандони Ораз Вазирбеков. Ӯ ба далели амниятӣ нахост, номаш зикр шавад, аммо афзуд, зиндонбонҳо ғизо ва либоси гармро гирифтанд, то ба онҳо бирасонанд.”

Намояндагони зиндони шаҳри Хуҷанд то ин дам барои шарҳи мавзуъ дастрас набуданд.

Ораз Рамзибеков яке аз роҳбарони пурнуфузи ҷамъияти зодагони Бадахшон дар Русия ба шумор мерафт. Ҳамнасаби ӯ Рамзӣ Вазирбеков блогер буд ва бо тахаллуси Рамзесс Шогунов дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи Бадахшон матлабҳо нашр мекард.

Ораз Вазирбеков ва Рамзӣ Вазирбеков дар охири моҳи июли соли 2022 дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав нопадид ва дертар дар Душанбе пайдо шуданд. Онҳо дар як навор гуфтанд, ки ихтиёрӣ ба кишвар баргаштаанд. Наздиконашон гуфтанд, видео саҳнасозии мақомот аст.

Пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо дар ин муддат борҳо дар бораи қонуншиканӣ ҳангоми тафтишот низ суҳбат карданд. Мақомот вокуниш нишон надоданд.

Баъд аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо фаъоли маданиро дастгир ва баъзеро ба солҳои дарози зиндон ва ҳабси абад маҳкум карданд. Маҳкумшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, гуноҳе накарданд ва иттиҳомот беасос аст.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар чанд маврид гуфтаанд, онҳо аъзои “гуруҳҳои ҷиноӣ”-ро аз байн бурданд ва ҳамкорони онҳоро боздошту бозпурсӣ доранд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои ингуна бархӯрд сахт танқид мекунанд. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба муҳокимаҳои “ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button