Аз 21 то 23 октябр дар шаҳри Абӯ Забии Имороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи Тоскулоҳи бузург («Abu Dhabi Grand Slam 2022») оид ба гӯштини дзюдо баргузор мешавад. Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо иштироки 430 варзишгар аз 66 кишвар доир мешаванд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 паҳлавони шинохта, аз ҷумла 2 бону намояндагӣ мекунанд: Шоҳида Қаландарова дар вазни то 57 кг, Мавлуда Одинаева дар вазни то 63 кг, Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ҳамроҳ бо Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90кг, Абубакри Акобир бо Эмомризо Анварзода дар вазни то 100кг ва ниҳоят паҳлавони маъруфи меҳан Темур Раҳимов дар вазни +100кг .
Ғолибони “Тоскӯлоҳи Абӯ Забӣ” соҳиби имтиёзҳои олимпӣ низ мешаванд. Варзишгароне, ки соҳиби медали тилло мегарданд, 1000 имтиёз, медали нуқра- 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Ҳамчунин дзюдочиёне, ки мавқеъҳоии аз 5-ум то 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мегарданд.
Соли 2021 паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти “Тоскӯлоҳи Абӯ Забӣ” сазовори се медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гардида буданд. Мусобиқаи мазкур 26-28 ноябри соли 2021 дар Абӯ Забӣ бо иштироки 223 варзишгар (135 мард, 88 зан) аз 41 давлати дунё доир гашта, Тоҷикистонро 10 паҳлавон намояндагӣ мекард. Аз миёни онҳо дар вазни то 90кг Комроншоҳ Устопириён медали нуқра ва Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100кг соҳиб шуд.