ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ЭЪТИРОЗИ ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР БЕРЛИН (ВИДЕО+5 АКС)

Рӯзи 22 сентябри соли 2022 як гуруҳи зодагони Тоҷикистон дар назди сафорати Қирғизистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии эътирозӣ доир кардаанд. Дар аксу видеои ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ирсолшуда дида мешавад, ки дар назди сафорати Қирғизистон дар Берлин ҳудуди 20 нафар гирди ҳам омадаанд. Эътирозгарон бо худ аксҳои қурбониёни муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро оварда, шиорҳоеро, ба мисли “Куштори кӯдакони тоҷикро бас кунед” баланд карда буданд.

Эътироз дар Берлин нахустин гирдиҳамоии эътирозии зодагони Тоҷикистон дар пайи муноқишаи охирин дар марзи ду кишвар аст, ки дастикам 130 кушта ба ҷо гузошт. Зодагони Қирғизистон дар чандин кишвари ҷаҳон алакай гирдиҳамоиҳои эътирозӣ барпо карда буданд.

Дар байни эътирозгарон дар Берлин варзишгари шинохтаи ҷангҳои бидуни қоида зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон Алхаттаби Фирдавс ҳам дида мешуд. Алхаттаби 21сола, ки солҳои охир дар Украина зиндаву машқ мекард ва дар  Донишгоҳи Одесса дар риштаи алоқаву мухобирот дар соли сеюм таҳсил мекард, баъди шурӯи ҷанги Украина ба Аврупо паноҳ овард ва ҳоло дар мусобиқоти байналмилалӣ аз Олмон намояндагӣ мекунад.

Рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аз ҳарду тараф дастикам 130 нафар кушта шуданд. Мутаассифона, дар байни қурбониён, сокинони мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон низ зиёданд.

Муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо инак наздики 130 қурбониаш хунинтарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button