Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК КӮДАКИ ДУСОЛА ДАР РЕГАР ҒАРҚ ШУДУ СОКИНИ ИШКОШИМ – ДАР ДУШАНБЕ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 2 сентябри соли 2022 дар обҳои ҷумҳурӣ боз ду ҳодисаи нохуши ҳалокатбор рӯй додаааст. Яке аз қурбониҳо духтарчаи дусола будааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, нимаи дуюми рӯзи 2 сентябр, соати 17:10  ба навбатдори фаврии кумтита занг зада, хабар додаанд, ки дар ҷамоати Регар дар канори шаҳри Турсунзода, воқеъ дар 50-километрии ғарби Душанбе,  як духтарчаи дусола ғарқ шудааст. Тавре маълум шуд, ин кӯдак ҳшамроҳи аппаҳ аз деҳаи Лоҳутӣ ба хонаи хешовандонашон ба деҳаи Ғарави ҷамоати Регар меҳмонӣ рафтааст. Вале дар ин байн кӯдак беназорат монда, ба оби канал афтодааст ва об ӯро бурдааст. Наҷотбахшони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Турсунзода ба ҷои ҳодиса омада, ҳамроҳи сокинони маҳаллӣ ба ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак пардохтаанд, Ҷасади тифли маъсумро соати 21:40, 4 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, ба волидонаш супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз волидон хостааст, ки кӯдакони худро ягон лаҳза бе назорат нагузоранд ва қоидаҳои бехатариро дар лаби обу даруни об қотеона риоя кунанд.

Ҳамчунин, рӯзи 2 сентябр навбатдори нирӯгоҳи Варзоб ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада, аз ёфт шудани ҷасади як марди зоҳиран 40-45-сола дар канали дериватсионии воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе хабар додааст. Наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи пойтахт ба ҷои ҳодиса омада, аз об ҷасади як мардро берун оварда, ба кормандони милитсия супурдаанд. Маълум шудааст, ки марди ғарқшуда сокини 43-солаи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст. Сабаби ғарқ шудани ӯро мақомот таҳқиқ мекунанд.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи 7 моҳи соли 2022 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button