ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 297 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА ҲАБСИ БОЗ ЯК ҶАВОНИ КОРДБАДАСТ

Як сокини 26-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳҳои март ва майи соли ҷорӣ бо роҳи фиреб  аз як сокини пойтахт 270 ҳазор доллар ва ду мошин ва аз як сокини дигари як мошинро гирифта, бо вуҷуди додани забонхат то ҳол пули онҳоро надодааст. Тибқи ваъда, ӯ мебоист то 15 июл пули ин шаҳрвандонро бармегардондааст.

хххххххххххх

 Сокини 20-солаи ноҳияи Восеъ Меҳроб Қурбонов барои бо корд дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе гаштанаш боздошт ва ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 22 июли ВКД Тоҷикистон ва РВКД Душанбе

Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми 297 ҳазор доллари амрикоӣ

11

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 28-уми марти соли 2022, марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Тойота Камри»-ро ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки автомашинаро фурӯхта маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо автомашинаро фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, номбурда санаи 12-уми майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи И.Сомонӣ даромада, аз ӯ 270 ҳазор доллари амрикоӣ ва ду адад автомашинаи тамғаи «Тойота Камри» ва тамғаи «Мерседес Бенс» гирифта, забонхат додааст, ки то санаи 15 июли соли 2022 маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад. Аммо то ҳол барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 297 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Амалиёти “Корд”: ҳабси ҷавони кордбадаст

Амалиёти “Корд”: ҳабси ҷавони кордбадаст

  Чандест аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар марҳилаи навбатӣ амалиёти шартии «Корд», бо мақсади мусодираи силоҳи сард гузаронида шудаистодааст, ки дар баробари фурушандагони предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, ҳамзамон нафароне, ки бо худ корд мегардонанд, боздошт ва нисбаташон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида мешавад.
  Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Қурбонов Меҳроб Суҳробович, санаи таваллудаш 30.05.2002, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, деҳаи Меҳнатобод, ки бо корд мусаллаҳ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба гаштугузор машғул буд, дастгир гардида, аз ӯ як адад корд дарёфту мусодира карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button