ВидеоСиёсат

МАНБАЪ: ҶАЛОЛИДДИН МАҲМУДОВ, ЯКЕ АЗ РОҲБАРОНИ СОБИҚИ ҲНИТ БА 6 СОЛУ 8 МОҲИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДААСТ (ВИДЕО)

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ҷалолиддин Маҳмудов, яке аз собиқадорон ва узви собиқи раёсати ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ба 6 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Ҷалолиддин Маҳмудов, ки моҳи феврали соли 2015  бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ дастгир ва 5 соли зиндон маҳкум шуда буд, моҳи апрели соли 2019 бар асоси қонуни афв озод шуда буд. Ӯро рӯзи 3 августи соли ҷорӣ аз хонааш дар Ҳисор дастгир карданд. Бо чӣ ҷурм маҳкум шудани ӯ маълум нест, вале ба гуфтаи манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ҳукми Ҷалолиддин Маҳмудовро ахиран як додгоҳ дар Душанбе содир кардааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 18 декабр Асрориддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз роҳбарони зиндонии ҲНИТ-ро бо ҷурми ҳамкорӣ бо ин ҳизби мамнӯъ ба 5 соли зиндон маҳкум карда ва ду нафари дигарро шашсолӣ ҳукми зиндон додааст. Маълум нест, ки парвандаи Ҷалолиддин Маҳмудов ҳамроҳ бо Асрориддин Розиқов баррасӣ шудааст ваё алоҳида?

Ҷалолиддин Маҳмудовро рӯзи 3 август аз манзилаш аз деҳаи Чуқурак дар канори шаҳри Ҳисор барои бозпурсӣ бурда буданд ва баъди чанд соат манзилашро кофтукоб карда, китобҳояшро ҳам мусодира карданд. Сабаби боздошти узви собиқи раёсати ҲНИТ эълон нашуда буд ва дар тӯли чоруним моҳе, ки аз боздошти ӯ мегузарад, тафсилоте дар бораи парвандаи ӯ аз ҷониби мақомот дода нашуд.

Ҷалолиддин Маҳмудов, зодаи ноҳияи Ҳисор, аз собиқадорони ҲНИТ ба шумор рафта, солҳои 1995-1998 ҳамчун узви комиссияи риояи оташбас аз ҷониби мухолифин  фаъолият дошт. Баъди имзои созишномаи сулҳ Ҷалолиддин Маҳмудов ба намояндагӣ аз ҲНИТ узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд.

Моҳи феврали соли 2015, ҳамагӣ як моҳ пеш аз интихоботи парлумонӣ Ҷалолиддин Маҳмудов бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ дастгир шуд. Сухан дар бораи туфангчае мерафт, ки ӯ ҳанӯз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар манзили як ҳамдеҳааш пинҳон кардааст.

Ҷалолиддин Маҳмудов бо ин ҷурм ба 5 соли зиндон маҳкум шуд ва ӯро 4 апрели соли 2019, баъди адои 4 солу 2 моҳи ҳукмаш бар асоси қонуни афв озод карданд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Ҷалолиддин Маҳмудов баъди раҳоӣ аз зиндон аз фаъолиятҳои сиёсӣ комилан канор рафта буд.

Тавре қаблан хабар додем, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 18 декабр Асрориддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳ Розиқов, яке аз роҳбарони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъ ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Асрориддин Розиқов, ки дар бозори “Корвон”-и Душанбе либоси кӯдакона мефурӯхт, моҳи июн дастгир шуд. Моҳи сентябр дар як “филм” бо номи “Хиёнат” дар ТВ Тоҷикистон гуфта шуд, ки ӯ аз намояндагони ҲНИТ пул гирифта, ба хонаводаҳои аъзои зиндонии ин ҳизб тақсим мекард.

Резагул Розиқова, модари Асрориддин мегӯяд, писарашро беасос зиндон кардаанд.

Ҳисомиддин Розиқов, писари дигари Зубайдуллоҳ Розиқов, ки ҳоло дар Аврупо паноҳҷӯст, гуфт, пуле, ки бародараш тақсим мекард, кумаки хайрия ба хонаводаҳои зиндониён буд, чунки онҳо ба кумак эҳтиёҷ доранд.

Падари онҳо Зубайдуллоҳ Розиқови 76-сола соли 2015 дар қатори 12 тани дигар аз роҳбарони ҲНИТ боздошт гардид ва ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button