ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АНА ҚАЛЛОБӢ! 5 МОШИНРО ДУ СОЛ ПЕШ ФУРӮХТ, ВАЛЕ ПУЛАШРО ТО ҲОЛ НАДОДААСТ…

Марди 42-солаи сокини ноҳияи Айнӣ ба он айбдор мешавад, ки ду сол пеш бо роҳи фиреб ба боварии сокини 36-солаи пойтахт даромада, аз ӯ 5 мошин, аз ҷумла  2 мошини “Лексус-350”,  ҳамчунин мошинҳои тамғаҳо и “Тойота-Камри”,“Ҳендай-Саната” ва “Тойота Версо”-ро ба маблағи 775 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифта, мошинҳоро барвақт фурӯхтааст, вале пули соҳибашро то ҳол надодааст.

ххххххххххххххххх

Сокини 22-солаи пеш ҳам судшудаи Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки соати дуи шаби 17 январ аз хонаи зани 34-солаи сокини Истаравшан ашёи рӯзгорро ба маблағи 26 ҳазору 280 сомонӣ дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи қаллобӣ расонидани зарар дар ҳаҷми махсусан калон

011

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи феврали соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ панҷ автомашинаи тамғаҳои “Тойота-Камри”, “Лексус-350” (2-адад), “Хендай-Саната” ва “Тойота Версо”-ро ба маблағи 775 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳоро фурӯхта, маблағашонро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Ба ҷинояткорӣ даст задани шахси қаблан судшуда

vor-0504

Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан бо ариза зани 34-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 17-уми январи соли 2022, тахминан соати 02.20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 26 ҳазору 280 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри мазкур, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 365 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ҷавони 22-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button