ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК МОШИН БО 230 ТЕЛЕВИЗОР ДАР МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ТОҶИКИСТОН (2 АКС)

Марзбонони Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон аз як кӯшиши қочоқи 230 телевизор пешгирӣ кардаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, марзбонҳо дар даромадгоҳи деҳаи Достуки ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд як мошини “Mercedes Benz Sprinte” таҳти идора  Х.Ж., як шаҳрванди 32-солаи Қирғизистонро манъ карда, дар бордони мошин 230 қуттӣ телевизорҳои навро пайдо кардаанд. Гумон меравад, ки ӯ мехост ин телевизорҳоро барои фурӯш ба Тоҷикистон гузаронад.

 “Бояд таъкид кард, ки шаҳрванд Х.Ж.  нисбат ба марзбонҳо хеле пархошҷӯёна рафтор кардаЭ мехост онҳоро ба муноқиша таҳрик диҳад. Ин шаҳрванд қаблан ҳам ду маротиба барои интиқоли ғайриқонунии маҳсулот ба кишвари ҳамсоя ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда буд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Ин 230 телевизор аз шаҳрванд Х.Ж. гирифта шуда, барои баррасии минбаъда ба мақомоти тафтишотӣ супурда шудааст.

Ҳафтаи гузашта марзбонони қирғиз аз ҷилавгирии ду мавриди кӯшиши қочоқи меваҷот аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳудуди ҳамин ноҳияи Лайлак хабар доданд. Маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, аз як мошин 470 кило мандарин ва аз бошини дигар ним тонна ангур ёфт ва мусодира шудааст.

Қирғизистон аз 22 май, дар пайи муноқишаи хунини охири моҳи апрел марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва равуои шаҳрвандон ва интиқоли маҳсулотро иҷозат намедиҳад.

Дар муноқишаи охири моҳи апрел дар марзи ин ду кишвар аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button