ВарзишВидео

6 ГОЛИ БЕҶАВОБИ ТОҶИКИСТОН БА ДАРВОЗАИ НЕПАЛ (ВИДЕО)

Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев шоми 28 октябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе дар ҳузри 4500 тамошобин дар даври дуюми мусобиқоти интихоботии Ҷоми Осиё -2022 дар гуруҳи “Б”,  ки бозиҳояш дар Тоҷикистон мегузаранд, ба дарвозаи Непал 6 тӯби беҷавоб зад. Пирӯзии бечунучарои Тоҷикистонро дар ин бозӣ голҳои задаи Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов, Рустам Соиров, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Ваҳдата Ҳанонов ва Эмомалӣ Аҳмадхон  таъмин карданд.

Ёдовар мешавем, футболбозони тоҷик дар бозии аввал низ бо шарофати голи ягонаи Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 87 бар тими Лубнон пирӯз шуданд ва акнун, шоми якшанбе, 31 октябр, соати 19:00, боз ҳам дар варзишгоҳи марказӣ,  ба дидори тими Эрон хоҳанд рафт.

Барои тими Тоҷикистон дар ин рақобат натиҷаи мусовӣ ҳам кофист, ки ба давраи баъдии мусобиқоти Ҷоми Осиё -2022 роҳхат бигирад. Вале тими Эрон танҳо дар сурати пирӯзӣ бар соҳибони майдон метавонад ҷои аввалро дар гуруҳи “Б” ба даст биорад.

Мусобиқоти интихоботии Ҷоми Осиё-2022 (U-23)

Гуруҳи “Б”. Даври 2

Непал – Тоҷикистон  – 0:6

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 24 (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 32 (0:2). Рустам Соиров, 39 (0:3). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 61 (0:4). Ваҳдат Ҳанонов, 68 – аз пеналти (0:5). Эмомалӣ Аҳмадхон, 72 (0:6).

Тоҷикистон: Шохрух Қирғизбоев, Манучеҳр Сафаров (Хуршед Абдуллоев, 46), Ваҳдат Ҳанонов (Муҳаммадҷон Насков, 70), Алиҷон Кароматуллозода, Наимҷон Иброҳимзода, Кароматулло Саидов, Шервонӣ Мабатшоев (Шоҳрух Сангов, 46), Муҳаммадалӣ Азизбоев, Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе (Сорбон Авғонов, 43), Рустам Соиров (Эмомалӣ Аҳмадхон, 60).

Довари асосӣ: Аммор Исом Ашканонӣ (Кувейт).

28 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4500 тамошобин.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button