ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: САДАМАИ МАРГОВАРИ РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ВОЛОГДАИ РУСИЯ

Як ронандаи тоҷик дар вилояти Вологдаи Русия бо фургонаш ба экскаватор бархӯрдааст. Бино ба иттилои хабаргузории маҳаллии «Вологда Регион, садама субҳи барвақти 19 октябр, соати 05:55 дар километри 155-уми роҳи Чекшино – Тотма – Котлас – Куратово дар ҳудуди ноҳияи Тотма рӯй дода, дар натиҷаи садама ронанда ҷароҳати вазнин бардошта, як мусофираш ҷон бохтааст.  

Роман Ушаков, корманди ГИБДД (собиқ ГАИ, ё БДА) вилояти Вологда хабар додааст, ки ронандаи 26-солаи мошини тамғаи «Ситроен», шаҳрванди Тоҷикистон фосилаи бехатарро риоя накарда, ба қафои як экскаватори таҳти идораи сокини Тотма, соли таваллудаш 1962, бархӯрдааст. Бархӯрд чунон сахт буд, ки ҳарду воситаи нақлиёт аз роҳ берун шудаанд.

Роман Ушаков ба “Вологда Регион” гуфт: “Бар асари бархӯрд ду нафар маҷруҳ шуданд: ронандаи “Ситроен” ва мусофири 49-солааш, ки сокини вилояти Владимир аст. Ҳардуро дар бемористони марказии ноҳияи Тотма бистарӣ карданд. Рӯзи 20 октябр мусофир бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар реаниматсия ҷон дод. Ронанда дар бемористон қарор дорад.”

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар Русия даҳҳо зодаи Тоҷикистон ҷон медиҳанд.

АКС: ГИБДД вилояти Вологда

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button