ВидеоИқтисодКоррупсияНомаҳо ба президент

АЗ КАСЕ НАМЕТАРСАНД: ИДОМАИ КОРРУПСИЯИ РӮИРОСТ ДАР ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ

Эътирози рӯзи 23 сентябри як гуруҳи ронандагон дар назди вазорати нақлиёт сирри як коррупсияеро, ки солҳо боз дар ин ниҳоди давлатӣ идома дошт, рӯи об баровард. Маълум шуд, нархи “Carnet TIR” (китоби боркашониии байналмилалӣ), ки ронандагон барои интиқоли бор ба хориҷ 350 доллар мехариданд, ҳамагӣ … 35 доллар будааст. Ҳамин тавр, нархи “дозвол”, иҷозатномаи интиқоли бор байни кишварҳо, ки ронандагони бечора чандин сол 60-долларӣ мехариданд, ҳамагӣ 84 сомонӣ (қариб 8 доллар) будааст!  Ин сир ҳам вақте кушода шуд, ки миёнаравҳои дозволфурӯш нархи як чунин ҳуҷҷатро аввал то 140 доллар боло бурданд ва ба ин ҳам қаноат накарда, рӯзҳои ахир нархро то ба 400 доллар хезонданд!

Ронандагон акнун мегӯянд, маҷбуранд, ки  ҳафтаи оянда дуюмбора барои эътироз ба вазорати нақлиёт бираванд.

“Шералӣ Ганҷалзода, раиси Хадамоти давлатии назорат ва танзими соҳаи нақлиёт ба мо ваъда дода буд, ки ҳамаи ширкатҳои логистикиро ҷамъ ва масъаларо ҳал мекунанд. Дар ҳақиқат, баъди эътирози мо бланкҳои дозвол, ки “камёб” шуда буд, аз нав пайдо шуд, вале миёнаравҳо барои ҳар дозвол аз 120 то 140 доллар талаб доранд. Ҳол онки нархи расмии он ҳамагӣ 84 сомонӣ, яъне аз 8 доллар ҳам камтар аст. 15-20 маротиба боло бурдаанд нархи як қоғазеро, ки дар Ӯзбекистон 8 доллар ва дар Русия барои ронандагони тоҷик тамоман бепул аст!” – гуфт рӯзи 26 сентябр дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” яке аз ронандагони норозӣ.

“Коррупсияи рӯирост бо кумак ва иштироки бевоситаи мақомоти давлатӣ аст инҷо! Чунин ба назар мерасад, ки чашмашон дигар аз ягон касу ягон чӣ наметарсад! О як коғази нархаш 84 сомониро, 100 сомонӣ фурӯш, ана ду баробар ба болояш мону 150, ҳато 200 сомонӣ фурӯш! О наход 140 доллар? Ягон зарра инсоф намондааст! Гапи вазоратро ҳам ба як дирам нагирифтанд ин миёнаравҳо”, –  мегӯяд роҳбари як ширкати нақлиётӣ, ки ба сабаби боло рафтани нархи дозвол кашондани борро аз Ӯзбекистон мутаваққиф кардааст.

Тавре қаблан хабар додем, субҳи 23 сентябр ҳудуди 70 ронандае, ки аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бор мекашонанд, ба нишони эътироз аз пулканиҳои беинсофона дар назди вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирди ҳам омаданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ронандагони норозиро масъулони вазорати нақлиёт қабул кард, арзашонро шунидаанд ва ваъда додаанд, ки рӯзи 23 сентябр роҳбарони тамоми ширкатҳои логистикиро ҷамъ оварда, масъаларо ҳал мекунанд.

Ронандагони норозӣ мегӯянд, миёнаравҳо нархи санадҳоеро, ки барои интиқоли бор аз хориҷ лозиманд, ба таври беинсофона боло бардоштаанд.

“Яке аз ин ҳуҷҷатҳо “Carnet TIR” (китоби боркашониии байналмилалӣ, книжка МДП, международных дорожных перевозок) аст, ки нархи аслиаш 35 доллар будааст, вале ба мо, ронандагон, ин ҳуҷҷатро 350 доллар мефурӯшанд. 10 маротиба гаронтар аз нархи худаш! Аз 5 сентябр нархи “дозвол” (иҷозатномаи интиқоли бор аз хориҷ, ки бо ҳамин вожа аз забони лаҳистонӣ маъруф шудааст) аз 60 доллари қаблӣ то ба 140 доллар боло рафт. Ширкатҳои миёнарав инро ба камбуди бланк рабт медоданд ва мегуфтанд, ки баъди ҷашни истиқлолият  ҳал мешавад мушкил, вале нашуд”,  нақл карда буд яке аз ронандагон.

Дар натиҷа, инак чанд ҳафта боз дар ду тарафи марз даҳҳо мошини боркаш ҷамъ шуда, ба сабаби надоштани “дозвол” на барои кашондани бор ба Ӯзбекистон рафта метавонистанд, на онҳое, ки мошинашон пур аз бор аст, марзро гузашта, баргашта метавонистанд. Бархе ронандагон маҷбур шудаанд маҳсулоти аз Ӯзбекистон бор кардаашонро аз мошинҳояшон фуроранд, чунки онро сари вақт расонда наметавонистанд.

Роҳбари яке аз ширкатҳои нақлиётӣ дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт: “Баъди ҷашни истиқлолият баракс бадтар шуд. Миёнаравҳо аз 15  сентябр ба ин тараф барои як “дозвол” аз 300 то 400 доллар талаб карданд. Инаш дигар баднафсии беш аз ҳад буд. Ширкати мо чанд “дозвол”и пештар харидаамонро ба ронандагон тақсим карду дигар корро бас кард. Вале ронандаҳо бекор истода наметавонанд. Зиндагии онҳо аз ҳисоби чархидани чархи мошинҳояшон аст. Ҷони ронандагон ба лабашон расид, тоқаташон ҷамъ шуд ва субҳи 23 сентябр ҳама ба вазорат омаданд. Раиси хадамоти вазорат гуфт,  нархи расмии “дозвол” ҳамагӣ 84 сомонӣ аст.  Чаро ба шумо 300-400 доллар мефурӯшанд? Бубинед, ба давлат ҳамагӣ 84 сомонӣ медодаанд ва худашон як қоғазро 50 маротиба қиматтар мефурӯхтаанд!”

Барои муқоиса, нархи “дозвол” барои вуруд ба Русия 10 доллар (барои ронандагон аз Тоҷикистон ҳатто бепул) ва ба Ӯзбекистон аз 8 то 10 доллар аст. Дар Тоҷикистон беинсофҳо нархи онро то 400 доллар хезондаанд, мегӯянд бо алам ронандагони норозӣ.

 “Дозвол” ҳуҷҷати расмиест, ки ҳамчун иҷозатнома барои ба кишвар кашондани бор дар ҳар кишвар онро вазорати нақлиёт тавассути Иттиҳодияи нақлиётӣ байналмилалӣ медиҳад. Дар Тоҷикистон тақсими “дозвол” тавассути АММАТ (Ассоциация международного автомобильного транспорта Республики Таджикистан) сурат мегирад. АММАТ маъмулан ин иҷозатномаҳоро байни ширкатҳои логистикии ба ин ниҳод наздик, яъне “худӣ” тақсим мекунад ва сипас онҳо ин ҳуҷҷатҳоро ба ширкатҳои нақлиётӣ ва ронандагон мефурӯшанд.

Чунин шакли кор табиист, ки заминаро барои коррупсия ҳамвор мекунад ва инсофро баракс аз байн мебарад, ки намунаашро дар ҳоли зори ба сари ронандагон овардаи ин ба ном “масъулони соҳа”, вале дар асл як дастаи баднафс мебинем.

Ва ин арсаест, ки дахолати нафақат вазорати нақлиёт, балки дахолати оҷили ҳама ниҳодҳои масъули мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, аз Агентии мубориза бо коррупсия то Додситонии кул ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро талаб мекунад, чунки танҳо ронандагони тоҷик нестанд, ки қурбони ин дастаи баднафс шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button