АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

РУСИЯ БА АРТИШИ ТОҶИКИСТОН 12 МОШИНИ ҶОСУСИЮ ДИДБОНИИ БРДМ-2М ТУҲФА КАРД

Дар пасманзари бад шудани вазъи Афғонистон, вазорати мудофиаи Русия ба Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 12 мошини муосири зиреҳпӯши ҷосусиву дидбонии БРДМ-2М, ҳамчунин қисмҳои эҳтиётӣ, аслиҳа, васоили набарди рӯбарӯ ва васоили ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёвиву биологӣ ва радиатсионӣ туҳфа кард.

Хадамоти матбуоти вазорати мудофиаи Русия  хабар дод, ки маросими тақдими ин туҳфаҳо рӯзи 10 сентябр дар Душанбе доир шуда, дар он аз ҷониби Русия муовини фармондеҳи нирӯҳои Ҳавзаи ҳарбии марказӣ генерал-майор Евгений Тсиндяйкин ва аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири мудофиаи ин ҷумҳурӣ генерал-майор Хисрав Бобозода иштирок кардаанд.

Тсиндяйкин дар ин маросим гуфт: “дар пасманзари бесуботии афзоянда дар наздикии марзи ҷанубии Тоҷикистон мо бо талошҳои дастаҷамъона амнияти кишварҳоямонро таъмин мекунем. Ин техникаи қобили боварӣ ва санҷидашуудаест, ки зарфиятҳои ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро боло  мебарад.”

Хисрав Бобозода ба навбати худ аз Русия барои ин кумакаш ба таҳкими зарфиятҳои мудофиавии Тоҷикистон изҳори сипос кард ва гуфт, “таъмини амният ва субот дар ҳамкории бисёрҷанбаи мо ҳамеша ҷойгоҳи вижа дошт. Ва ин арсаест, ки аҳамияти ҳамкориҳои моро бо назардошти воқеиятҳои имрӯза боз ҳам бештар мекунад.”

Генерал Тсиндяйкин дар анҷоми маросим ба генерал Бобозода калиди рамзии манораи мошини зиреҳпӯшро низ ҳадя кард.

Ин мошинҳои ҳарбӣ аз ҷониби Русия дар чорчӯби Барномаи навсозии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон туҳфа карда шудаанд. Вазорати мудофиаи Русия гуфт, “ҷониби Русия ин барномаро як васили калидии боло бурдани имконоти ҷангии иттифоқчиаш дар Осиёи Марказӣ ва саҳми Русия дар таҳкими мархи Тоҷикистон бо Афғонистон мешуморад.”

Дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия низ мустақар шудааст, ки бо беш аз 6 ҳазор аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷ ба шумор рафта, як омили муҳими таъмини амнияту субот дар ин ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ арзёбӣ мешавад. Русия ахиран бо назардошти тағйири вазъ дар Афғонистон пойгоҳаш дар Тоҷикистонро бо силоҳҳову техникаи ҷангии муосир, аз ҷумла бо мошинҳои зиреҳпӯши БМП 2, чархболҳо, тӯпу сипарҳои мушакӣ мусаллаҳ гардонд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button