Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ МАРГИ ВАЗИРИ СОБИҚИ КИШОВАРЗИРО “НАДИД”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 23 август охирин омори марбут ба вазъи паҳншавии коронавирусро дар кишвар нашр кард. Бино ба ин омор, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави сирояти коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 58 бемори коронавирус шифо ёфтаанд ва касе аз ин беморӣ нафавтидааст.

Аммо ин дар ҳолест, ки рӯзи 23 август дар бораи марги вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон Мӯсо Баротов дар синни 78 хабар расид. Яке аз наздикони марҳум ба “Бомдод” гуфт, ки ӯ ба иллати коронавирус вафот кардааст.

Мунтақидон ба омори расмии вазорати тандурустӣ бо шубҳа нигоҳ мекунанд ва  бар инанд, ки ин вазорат шумори воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирусро ба кадом далели барои ҷомиа норӯшан пинҳон мекунад.

Тибқи омори расмии вазорати тандурустӣ, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии ҳолатҳои пандемия то шоми 23 август дар кишвар 16 514 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 297 нафар (98,6%) шифо ёфтаанд ва 124 нафар фавтидаанд. Аз ин омор бармеояд, ки то шоми 23 август дар Тоҷикистон: дар шароити хона ё бемористон дар умум 93 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд. Моҳи июл, ки нуқтаи авҷи мавҷи ахири пандемия дар Тоҷикистон шуд, шумораи беморон аз 400 нафар болотар буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button