ВарзишВидео

КОМРОНШОҲ ДАР НАХУСТИН РАҚОБАТАШ ДАР ОЛИМПИАДА МАҒЛУБ ШУД ВА БЕ МЕДАЛ МОНД

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик низ натавонист дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 натиҷаи назаррас ба даст биорад.

Комроншоҳ рӯзи 28 июл дар  мусобиқаи гуштини дзюдо дар вазни то 90 кг дар нахустин рақобати худ шикаст хӯрд ва Бозиҳои олимпиро барои худ бе медал ҷамъбаст кард.

Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз намояндаи Фаронса Аксел Клерҷет шикаст хӯрд.

Ҳамин тариқ, Комроншоҳ  Устопириён, инак чорумин варзишгари тоҷик  аз 10 варзишгари узви тими олимпии Тоҷикистон мебошад, ки Бозиҳои олимпии Токиоро пеш аз муҳлат ва мутаассифона, бе медал ҷамъбаст намуданд.

Рӯзи 25 июл Шаббос Неъматуллоев дар мусобиқати муштзанд дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.

Рӯзи 26 июл Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқоти гуштини дзюдо дар вазни то 73 кило дар набарди якуми худ Аҳмад Аликай аз дастаи паноҳандагон ва дар даври дуюм Файе Нҷийе аз Гамбияро шикаст дода, ба ҳаштякфинал роҳ ёфт, вале дар ин марҳала аз варзишгари Озарбойҷон Рустам Оруҷов бо як вазарӣ мағлуб шуд.

Рӯзи 27 июл Акмал Муродов дар мусобиқаи гуштини дзюдо дар вазни  то 81кг дар Бозиҳои олимпии Токио-2020  дар даври аввал Ҷоштер Андрев аз Гуамро шикаст дод, вале дар даври дуюм аз варзишгари маъруфи гурҷистонӣ Тато Тригалишвили мағлуб шуд.

Ҳоло танҳо як гуштингири дигари тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ ба майдон набаромадааст.

Рӯзи 30 июл Темур Раҳимов дар вазни +100кг гуштин мегирад. Ӯ дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Аз ӯ пеш рӯзи 29 июл Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи кишвар, дар мусобиқаи муштзанӣ (бокс) дар вазни беш аз 91 кило қувваозмоиро аз даври 1/8-ниҳоӣ  бо рақобат бо Мурод Алиев аз Фаронса шурӯъ мекунад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 август давом мекунанд. Ин мусобиқот мебоист соли 2020 доир мешуд, вале ба иллати пандемияи коронавирус як сол ба ақиб гузошта шуд.

 Тоҷикистонро дар ин Олимпиада 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

  1. Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг),
  2. Акмал Муродов (-81 кг), 
  3. Комроншоҳи Устопириён (-90 кг),
  4. Темур Раҳимов (+100 кг) – ҳарчор дар риштаи гуштини дзюдо,
  5. Баҳодур Усмонов (-63 кг),
  6. Шаббос Неъматуллоев (-81 кг),
  7. Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – ҳарсе оид ба бокс,
  8. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук,
  9. Анастасия Тюрина ва
  10. Олимҷон Ишонов, ҳарду оид ба шиноварӣ.

Боз як варзишгари тоҷик Гулсумбӣ Шарипова низ ба мусобиқаи давидан ба масофаи 200 метр дар байни занон ба Олимпиада роҳхат гирифта буд, вале мутаассифона, ба иллати лат хӯрдани пояш Гулсумбӣ ба Токио рафта натавонист.

Тими Тоҷикистон то кунун дар Токио ягон медал ба даст наовардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button