ВидеоСиёсатТоҷикистон

ТАБАДДУЛОТ, Ё КУДАТОИ НАВБАТӢ ДАР ҲИЗБИ ДЕМОКРАТ

Ҳизби демократи Тоҷикистон, тавре ба назар мерасад, вориди марҳалаи ҷудоии навбатӣ шудааст.

Ду нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон: рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва хабаргузории “Ховар” рӯзҳои 3 ва 7 май хабар доданд, ки рӯзи 11 майи соли 2024 анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон доир мешавад ва дар ин анҷуман фаъолияти Ҳизби демократ дар ду соли охир ва масъалаҳои ташкилӣ, аз ҷумла интихоби раис ва дигар роҳбарияти онро дар бар мегирад.

Аммо рӯзи 8 май Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили парлумони Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейбсук хабар дод, ки рӯзи 8 май, соати 14:00 дар Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои сиёсии ҲДТ доир шуд.

Усмонзода мегӯяд, дар ин ҷаласа аз 11 узви Шӯрои сиёсӣ 8 нафар: 6 нафар шахсан ва ду нафари дигар ба тариқи селекторӣ иштирок доштанд ва танҳо 3 нафар иштирок надоштанд.

Бино ба иттилои Усмонзода, дар ҷаласа ба ҳайати Шӯрои сиёсии ҲДТ 4 узви нав: Бурых Людмила, Алифбекова Гулнора, Сафаров Амонулло ва Шарипов Алишер шомил карда шуда, дар айни замон Шаҳбози Аброр ва Юлдошев Абдуҷаббор “барои рафтори ғайриоинномави ва тафриқа андохтан дар дохили ҳизб” аз ҳайъати Шӯро хориҷ карда шуданд.

Усмонзода гуфт, Шӯрои сиёсии и ҲДТ анҷумани рӯзи 11 май даъватшударо ғайриқонунӣ хонда, хостааст, ки дар созмонҳои ҲДТ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ҷаласаҳо гузаронида шуда, рафтори ғайриоинномавии Шаҳбози Аброр ва Юлдошев Абдуҷаббор муҳокима карда шавад.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=1485543369034007&id=100027350733422&rdid=DgZxJT3ajuDuFI56

Худи ҳамон рӯзи 8 май боз ҳам дар хабаргузории давлатии “Ховар” изҳороти ҷавобии мухолифони Усмонзода нашр шуд, ки  дар он гуфта мешавад, ки 7 узви Шӯрои сиёсии ҲДТ ҳанӯз рӯзи 6 апрел дар Душанбе ҷаласа доир карда, Анҷумани XVIII ҳизбро даъват кардаанд.

Онҳо иддаои Усмонзода дар бораи иштироки 8 узви Шӯро дар ҷаласаи рӯзи 8 майро низ зери суол бурдаанд: “Вале имрӯз 08.05.2024 Усмонзода бар хилофи талаботи оинномаи ҳизб ба таври ғайрирасмӣ аз номи Шӯрои сиёсӣ баргузории ҷаласа ва қабули қарорҳоро эълон кардааст. Аз 11 нафар аъзои Шӯрои сиёсӣ танҳо 4 нафар метавонист дар ҷаласаи ӯ иштирок кунанд, ки ин миқдор ба талаботи оиннома мухолиф аст. Ин дар ҳолест ки як нафар аъзои шуро дар ВМКБ ва як нафари дигар дар берун аз Тоҷикистон қарор доранд”.

Мо аъзои Шурои сиёсӣ чунин рафтори С. Усмонзодаро ғайриодилона ва мухолифи оинномаи ҲДТ медонем ва талаб мекунем, ки аз чунин равишҳои зиддиоинномавӣ даст бикашад.

“Ховар” ҳамчунин изҳороти Алишер Идизода ном нафареро, ки ҳамчун узви ҲДТ аз соли 1989 муаррифӣ мешавад, нашр кардааст, ки изҳороти Усмонзодаро “изҳороти ошуфта” номида, маҳкум кардааст.

“Ман ҳамчун узви ҲДТ аз рафтори Усмонзода хеле нороҳатам, зеро дар Шӯрои номниҳоди ӯ, дар таърихи 8-уми майи соли ҷорӣ ман иштирок надоштам. Вале ӯ маро дар ғайбам ва бе хоҳиши худам узви Шуро эълон кардааст. Ман аз чунин тарзи рафтори Усмонзода қатъиян норозӣ мебошам ва боварӣ дорам, ки сохторҳои дахлдор ба ин амали густохона баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд”, навиштааст Идизода, ки зоҳиран ҳамон Алишер Шарипови дар баёнияи Усмонзода зикршуда аст.

Саидҷаъфар Усмонзода дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ҷаласаи рӯзи 6 апрел дар асл маъракаи ифтор дар хонаи як узви ҳизб дар пойтахт буд. Усмонзода гуфт, ҳамроҳи ҳамсараш дар аввали моҳи апрел барои табобат ба Хитой рафта буд ва табадуллотгарон аз фурсат истифода бурда, мардумро ҷамъ кардаанд ва онҳоро фиреб додаанд, ки гӯё ин кор ҳам бо худи Усмонзода ва ҳам бо калонҳои ҳукумат маслиҳат шуда бошад.

Усмонзода гуфт, ба Шаҳбози Аброр ва Абдуҷаббор Юлдошев дар ин нақшаи табаддулот журналисти шинохта Аҳмадшоҳи Комилзода ҳам “қӯш” аст, вале ӯ ба хотири дӯстии хонаводагие, ки бо Комилзода дошт, дар ҷаласаи Шӯро масъалаи ӯро ҳам матраҳ накард.

“Аз номи президенту аз номи Рустами Эмомалӣ гап зада истодаанд, вале касе намедонад, ки дар пасашон кӣ истодааст? Вале мо анҷуманеро, ки рӯзи 11 май даъват кардаанд, қабул надорем”, гуфт Саидҷаъфар Усмонзода.

Вале Абдуҷаббор Юлдошев, яке аз онҳое, ки ба қасди табадуллот дар дохили ҳизби демократ айбдор мешавад, ба “Бомдод” гуфт, анҷуман рӯзи 11 май доир хоҳад шуд ва дар он масъалаи интихоби раҳбари нави ҳизб баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон 10 августи соли 1990 аз ҷониби Шодмон Юсуф ташкил шуда, аввалин ҳизби алтернативӣ дар баробари ҳизби ҳокими коммунист (КПСС) дар ҷумҳурӣ буд.

Ин ҳизб дар 34 соли таърихаш чандин табадуллотро пушти сар кардааст.

Дар аввали соли 1992 ду тан аз раҳбарони ҲДТ Мирзо Самиев ва Абдулло Очилов ба мавқеи мухолифати Шодмон Юсуф бо ҳукумати президент Раҳмон Набиев эътироз карда, кӯшиш карда буданд, ки Шодмон Юсуфро канор зада, раҳбариро ба дасти худ бигиранд.

Соли 1995 ҲДТ ба ду ҷиноҳи Душанбе ва АлмаАто ҷудо шуд, ки ба яке Саидҷаъфар Афзалӣ ва ба дувумӣ Ҷумъабой Ниёзов раҳбарӣ мекард.

Соли 2006, баъди боздошту ба 23 соли зиндон маҳкум шудани раиси вақти ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров Масъуд Собиров, ҷияни шоири шинохта Бозор Собир тарафдорони Искандаровро канор зада, худро раиси ҳизб эълон кард.

Соли 2012 дар ҲДТ боз як табаддулот сурат гирифт ва ин бор Саидҷаъфар Усмонзода Масъуд Собировро канор зада, раиси ҳизби демократ шуд.

Саидҷаъфар Усмонзода аз ангуштшумор вакилони парлумони Тоҷикистон аст, ки дар бораи масоили доғи кишвар бо ҷуръат изҳори назар мекунад.

Ӯ мегӯяд, ҳоло намедонад, ки кадом нирӯе ва барои чӣ дар фикри чаппа кардани ӯ аз раҳбарии ҳизби демократ шудааст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button