ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

СИМИ БАРҚ МЕМОНДАНД, ТАҲДИДИ ТАҶОВУЗ МЕКАРДАНД… ШИКОЯТИ 16 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 5 ЗАНУ 2 НОБОЛИҒ АЗ ШИКАНҶА

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳисоботи солонааш, ки рӯзи 10 майи соли 2024 нашр шуд, хабар дод, ки котиботи гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ва созмонҳои узви ин эътилофи ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар тӯли соли 2023 дар ҷумҳурӣ 16 ҳолати шикояти шаҳрвандон аз шиканҷаву бадрафториро сабт кардааст. Дар 5 ҳолат занон ва дар 2 ҳолат ноболиғон аз шиканҷаву бадрафтории асосан кормандони милитсия шикоят кардаанд.

Аммо нозирони умур бар инанд, ки мавридҳои шиканҷаву бадрафторӣ дар Тоҷикистон хеле беш аз ин 16 ҳолат аст, вале бисёре аз қурбониёни шиканҷа аз тарси интиқоми мақомот ва таҳти таъқиби боз ҳам бештар қарор гирифтани худашон ё наздиконашон ба даҳон об мегиранд ва ба ягон ҷо шикоят намебаранд.

Бино ба ин ҳисобот, муроҷиаткунандагон асосан аз чунин ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқи онҳо дар ҷараёни боздошт ва пешбурди тафтишот шикоят доштанд:

боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсарона;

хушунати ҷисмонӣ, аз ҷумла латтукӯб, шиканҷа бо нирӯи барқ;

таҳдиди таҷовуз ба номуси қурбонии шиканҷа ва /ё наздикони ӯ;

таҳдиди ба ҳабс андохтан, ҷазо додан, ё паст задани шаъну эътибор.

Бино ба ҳисоботи Эътилофи зидди шиканҷа, шиканҷаву бадрафторӣ асосан бо мақсади ба даст овардани эътирофи гуноҳ, ҷазо додан барои аъмоли мушаххас ваё ҳамчун чора барои паст задани шаъну шарафи инсон ва мутеъ сохтани ӯ истифода мешаванд.

Синни қариб нисфи муроҷиаткунандагон (7 нафар) аз 35 то 45 буда, 5 нафар аз синни 46 то 60, 2 нафари дигар аз синни 19 то 34 ва ду нафари дигар ноболиғ будаанд.

Дар 15 маврид шаҳрвандон аз бадрафтории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дар як мавриди дигар аз мақомоти амният шикоят кардаанд.

Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа чанд мушкили умдаеро, ки ҳуқуқдонҳояш ва қурбониёни шиканҷа дар соли гузашта рӯбарӯ шуданд, низ баршумурдааст:

аз идомаи даъво нисбат ба рафтори ғайриқонунии мақйомоти ҳифзи ҳуқуқ даст кашидани қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо

аз дастрасии билофосила ба муваккилони худ маҳрум будани адвокатҳо, чунки маъмурияти боздоштгоҳҳо иҷозати хаттии муфаттишро талаб мекунад

– боздоштшудагонро гӯл мезаннад ваё бо ваъдаи бардурӯғи озодӣ ба эътирофи гуноҳ водор мекунанд

маҷбур кардан ба додани баёнот ба зидди худ бар хилофи қисми панҷуми моддаи 12 Кодекси ҷиноятиву мурофиавӣ

– дар ҷараёни мурофиаҳо сарфи назар шудани дархостҳои адвокатҳо дар бораи ироа кардани сабти видеокамераҳои назоратӣ, маълумот аз санадҳои тиббти боздоштшудагон

беасос тӯл додани тафтишоти пешакии ҳолатҳои истифодаи шиканҷа

аз ҷониби муфаттишон пайваста сарфи назар шудани дархостҳои адвокатҳо ҷиҳати анҷоми амалҳои иловагии тафтишотӣ

– таъмин нашудани амнияти қурбониёни шиканҷа ва шоҳидони калидӣ

– бар асоси моддаи 177 Кодекси мурофиавӣ ва моддаи 361 Кодекси ҷиноятӣ аз адвокатҳо талаб кардани имзои санад дар бораи фош накардани маълумоти дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ҷамъоваришуда

-аз тарси таъқибот аз тарафи тафтишот дар бархе мавридҳо аз иқдомҳои лозим худдорӣ кардани бархе адвокатҳо.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чандин созмони ҳомии ҳуқуқи инсонро дар бар гирифта, ба қурбониёни шиканҷаву бадрафторӣ дар ин кишвар кумаки бепули ҳуқуқӣ ва тиббию равонӣ мерасонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button