ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронСиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲАМЛАИ ХУНИНИ “КРОКУС”-РО ЗАРБАИ САХТ БА ОБРӮИ ТОҶИКИСТОН НОМИД (ВИДЕО)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 майи соли 2024 дар ҷараёни сафараш ба Маскав дар Кремл бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард. Дар ин дидор ду раҳбар ба ҷуз аз масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар ҳамчунин ҳамлаи террористӣ дар толори консертҳои “Крокус” ва вазъи хеле печидагаштаи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро баррасӣ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муҳоҷирони тоҷикро “хеле ҳассос” номид ва гуфт, ҳамлаи террористӣ дар “Крокус”, ки аксари муттаҳамонаш зодагони Тоҷикистонанд, ба обрӯи Тоҷикистон зарбаи хеле ҷиддӣ зад. Ӯ дар оғози дидораш бо Путин гуфт:

 “Ман имрӯз мехостам бо шумо бархе масоил, аз ҷумла масоили марбут ба муҳоҷирони кории моро баррасӣ кунам. Ин барои мо мавзӯи хеле ҳассос ва як аз масъалаҳои асосӣ аст, чунки сатҳи рушди демографӣ дар Тоҷикистон хеле баланд буда, шумораи аҳолӣ  (назар ба даврони Шӯравӣ) 2,5 маротиба афзудааст.  Тоҷикистон яке аз он ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки Артиши Шӯравиро дар вақташ бо баталйонҳои коргарони сохтмон таъмин мекард. Дар тамоми сохтмонҳои комсомолӣ, дар ҳамаи сохтмонҳои бузург тоҷикҳо кор мекарданд ва ҳоло ҳам кор мекунанд, ба хусус дар риштаи сохтмон. Тоҷикҳо як халқи қадимтарин буда, таъриху фарҳанг ва тамаддуни қадима доранд. Ва он чӣ ки рух дод, барои мо мутлақо ғайри қобили қабул аст. Ин ба обрӯ (имиҷ), таърих, фарҳанг ва анъанаҳои мардуми мо зарбаи хеле ҷиддӣ зад. Мо дар оянда низ бо шумо дар ин масъалаҳо ҳамкории зич хоҳем кард”.

Путин ба навбати худ ба Эмомалӣ Раҳмон барои он, ки яке аз аввалинҳо шуда, баъди ҳамлаи “Крокус” ба ӯ занг зад, изҳори сипос кард.

Дар пайи баррасии мавзӯи муҳоҷират, бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, “дар ин замина ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти фаъолияти вазорату идораҳои марбутаи ду давлат дар самтҳои мазкур ба мувофиқа расиданд. Зарурати аз ҷониби идораҳои дахлдор андешидани тадбирҳои муштараки муассир ҷиҳати рафъи мушкилоти дар соҳаи муҳоҷирати корӣ бавуҷудомада бахусус таъкид гардид. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба ин хотир ҳайатҳои баландпояи ҳарду ҷониб дар муҳлатҳои наздик музокирот доир намоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Путин барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони СНГ ва чорабиниҳои бахшида ба Иди Ғалаба сафар карда буд.

Дар чанд рӯзи охир Путин ва Раҳмон инак бори дуюм вазъи ба сари муҳоҷирони тоҷик дар Русия пешомадаро баррасӣ мекунанд. Ин мавзӯъ яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбати телефонии онҳо дар рӯзи 3 май ҳам буд.

Фишорҳо ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъди ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав  вусъати бесобиқае гирифтааст. Ин ҳамла 145 кушта ба ҷо гузошт ва 17 нафар аз 19 нафари бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла дастгиршуда зодагони Тоҷикистонанд.

Аз 22 апрели соли 2024 дар марзҳои Русия тафтиши мӯшикофонаи шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз ёфт. Муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия ҳатто телефонҳои онҳоро гирифта, тафтиш мекунанд. Дар натиҷа, садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзи заминии Русия дармондаанд ва ба ҳисоби вазорати хориҷаи Тоҷикистон, танҳо дар 4 рӯзи охири моҳи апрел ва танҳо аз фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав 643 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардаанд.

Пулҳое, ки беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Ватан мефиристанд, як манбаи умдаи таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва ҳамчунин як омили муҳими таъмини рушди иқтисодӣ савдо дар ин кишвари фақири пасошӯравӣ дониста мешавад ва аз ин рӯ, ихроҷи ҳар муҳоҷири тоҷик аз Русия ба маънои аз як манбаи муҳими даромадаш маҳрум шудани дастикам як оила дар Тоҷикистон аст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ахиран сафири Русия дар Душанберо эҳзор карда, ба дасташ нотаи эътирозӣ супурд. Дар ҷавоб вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин занг зада, фаҳмонданӣ шуд, тафтиши мӯшикофонаи муҳоҷирон муваққатӣ буда , барои ҷилавгирӣ аз амалҳои террористӣ ба роҳ андохта шудааст ва зидди ягон дин ё миллат нигаронида нашудааст. Аммо Сироҷиддин Муҳриддин  иддаои Лавровро рад карда, гуфт, маҳз муҳоҷирони тоҷик ҳадафи ин тафтишҳо қарор гирирфтаанд.

Пас аз ин тавзеҳоти Лавров ҷониби Тоҷикистон дигарбора  аз шаҳрвандони худ хост, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба Русия худдорӣ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button