“ИН ИШТИБОҲ АСТ!” ШИКОЯТИ СУЛАЙМОН ДАВЛАТОВ АЗ ҚАРОРИ ИХРОҶАШ АЗ ЛИТВА
Фаъоли мухолифи тоҷик Сулаймон Давлатов дар як муроҷиатнома ба ҳукумати Литваву кишварҳои дигари демократӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва расонаҳо, ки дар боздоштгоҳи муҳоҷирони рӯ бв ихроҷи Литва навишта ва рӯзи 19 майи соли 2024 дар Фейсбук нашр кард, хабар дод, ки мақомоти Литва ҳанӯз рӯзи 22 апрели соли 2024 ӯро дар мавриди бекор шудани мақоми паноҳандагиаш ва қабул шудани қарори ихроҷаш аз қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо хабардор кардаанд. Сулаймон Давлатов аз ин қарор шикоят бурдааст ва талаб дорад, ки то анҷоми баррасии шикояташ ӯро озод кунанд. Давлатов менависад, ки дар боздошт нигоҳ доштани ӯ одилона ва қонунӣ нест, чунки то анҷоми баррасии шикояташ қарори ихроҷи ӯ қувваи қонунӣ надорад. Ӯ ҳамчунин ба паҳлуи инсонии қазияаш таъкид мекунад ва менависад, ки ҳамсараш тавони мустақилона нигоҳубин кардани се фарзанди хурдсолашонро, ки ҳамагӣ аз ду то панҷуним сол доранд, надорад ва ба болои ин, ҳоло боз ҳомила аст.
Сулаймон Давлатови 38-сола, ки аз соли 2015 дар Литва ба сар мебарад, рӯзи 5 апрели соли 2024 дар назди тарабхонааш дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва, дастгир шуд.
Дар муроҷиатномааш, Давлатов аз ҳукумат ва мақомоти додгоҳии Литва даъват мекунад, ки иттиҳомоти ба зидди ӯ эълонкардаи Департаменти амнияти давлатиро мӯшикофона тафтиш кунанд, чунки, ба бовари худи ӯ, ин иттиҳомот ҳама “бар иштибоҳ, нофаҳмӣ ва баёноти сохтаву бофта асос ёфтаанд”. Ба навиштаи Сулаймон Давлатов, мақомоти амниятии Литва аз ҷумла ӯро ба иштирок дар тазоҳурот ба тарафдорӣ аз Фаластин ва дигар масоили марбут ба Фаластин, иртибот бо падару модар ва бародараш, ки дар Русияанд, муттаҳам карда, дар ин ҳама таҳдид ба амнияти Литваро мушоҳида кардаанд ва дар айни замон, Идораи муҳоҷирати Литва бар ин фикр будааст, ки азбаски Давлатов дигар узви “Гуруҳи 24” нест, дар сурати ихроҷаш ба Тоҷикистон гӯё таҳти таъқибу боздошт қарор нахоҳад гирифт.
Фаъоли тоҷик иштирокаш дар тазоҳурот ба тарафдорӣ аз Фаластинро рад намекунад, вале мегӯяд, ин тазоҳуроти қонунӣ буд, на ба пуштибонӣ аз ягон гуруҳи террористӣ.
“Ман намехоҳам, ки кӯдакон дар ягон ҷо дар ҷанг бимиранд — чӣ кӯдакони Исроил, чӣ Фаластин ваё Украина. Ман ҳамин тавр дар раҳпаймоиҳо ба тарафдорӣ аз Украинаву зидди Русия ва ба зидди Лукашенко ҳам иштирок доштам. Гумони департаменти амнияти давлатӣ бар асоси ин далелҳо ва баёноти пинҳонӣ аз ман сохташуда иштибоҳ аст. Ман мутмаинам, ки ҳар коршиноси мустақил хеле зуд ноодилона ва беасос будани ин иттиҳомро муайян мекунад”, – навиштааст Давлатов ва афзудааст, ки “агар иттиҳоми робита доштани ман бо ягон созмони террористӣ асос медошт, ба зидди ман парвандаи ҷиноятӣ мекушоданд ва маро ба зиндон меандохтанд, вале дақиқан на ба боздоштгоҳи муҳоҷирон”.
Аммо иттиҳоми аз ҳама ҳавоӣ, ба ақидаи Сулаймон Давлатов, ин банди қарори департаменти муҳоҷирати Литва аст, ки навиштааст: “Сулаймон Давлатов баёнот дод, ки падару модар ва як бародараш дар Санкт-Петербурги Русия зиндагӣ доранд. То соли 2022 ду бародари дигараш низ дар Русия будаанд, вале баъди оғози аскаргирӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ин ду бародараш шаҳрванди Русияанд. Сулаймон Давлатов бо ҳамаи хешовандонаш ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон робита дорад. Бо дарназардошти ин, департамент чунин мешуморад, ки чунин одаме, ки хешовандони наздикаш дар Русия зиндагӣ доранд ваё шаҳрвандони Русияанд, метавонад аз ҷониби идораҳои давлатӣ ва мақомоти вижаи Русия барои анҷоми фаъолиятҳое, ки зидди манфиатҳои миллии Литваанд, истифода шавад”.
Давлатов менависад, беш аз ду миллион аз зодагони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва ин ба маъное нест, ки ҳамаи онҳое, ки бо хешовандони худ дар Русия иртибот доранд, ҷосусанд ва ба амнияти Литва хатар эҷод мекунанд. Ӯ набуди ягон далели ба амнияти Литва хатар эҷод кардани хешовандонашро як далели калидӣ мешуморанд ва бар ин аст, ки ҳаққи иртибот бо аҳли оилаашро дорад ва набояд ба хотири ин ҳуқуқи ӯро маҳдуд кунанд.
Давлатов хулосаи Департаменти муҳоҷират дар ин бораро ҳам, ки ӯ аз соли 2017 аз ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” хориҷ шудааст ва ба ин далел ихроҷаш ба Тоҷикистон мухолифи моддаи сеюми Паймони ҳуқуқи инсон нест, ҳавоӣ мешуморад.
“Онҳо ин далелро, ки ман то ҳол фаъоли сиёсӣ боқӣ мондаам ва ҳамроҳи дигар гуруҳҳои сиёсии оппозитсионӣ фаъолона ба зидди режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон мубориза бурда истодаам, нодида мегиранд. Таъқиби ман идома дорад. Созмонҳои муътабари ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Афви байналмилалӣ, Дидбони ҳуқуқи башар, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва фаъолон мухолифи ихроҷи ман ба Тоҷикистонанд, чунки дар онҷо ба ман барои ақидаҳои сиёсиам шиканҷаву бадрафторӣ таҳдид мекунад. Литва ҳамчун кишвари демократӣ бояд монеи ихроҷи ман ба Тоҷикистон шавад, чунки дар он ҷо ба ман марг таҳдид мекунад”, – навиштааст Сулаймон Давлатов.
Давлатов бо такя ба сомонаи “Медиазона”, ки моҳи феврали соли 2024 рӯйхатти тамоми афроди дар қаламрави Русия дар ҷустуҷӯ қарордоштаро нашр кард, менависад, ки номи худро низ дар ин рӯйхат пайдо кардааст ва ин ба маъноест, ки мақомоти Тоҷикистон то ҳол даст аз ҷустуҷӯи ӯ набардоштаанд.
21 майи соли 2024 ВКД Русия низ дар посух ба дархости расмии идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ кард, ки Сулаймон Давлатов таҳти ҷустуҷӯи федералӣ қарор дорад.
Фаъоли тоҷик қарори боздошташро ноодилона мешуморад ва бар ин аст, ки ҳаққи дар озодӣ буданро дорад, аз ҷумла барои нигоҳубини 3 фарзанди хурдсол ва ҳамсари ҳомилааш.
“Ман се тифли хурдсол дорад, ки дар Литва ба дунё омадаанд: Давлатов Муҳаммад, санаи таваллудаш 15.11.2018, Давлатов Абдураҳмон, санаи таваллудаш 11.06.2020, ва Давлатов Абдулло, санаи таваллудаш 28.03.2022. Онҳо ба кӯмаку ғамхории ман ниёз доранд. Ҳамсари ман Раҳматшоева Ҳурматбибӣ 5 моҳ боз ҳомила аст ва тавони ғамхории пурра бар кӯдаконро надорад. Ҳар дафъа, ки пеши духтур биравад, маҷбур аст, ҳамаи кӯдаконро бо худ бигирад, чунки касе нест онҳоро нигоҳубин кунад. Ва ин барояш бори гарон ва стресс эҷод мекунад. Ҳамсари ман тавони мустақилона, бе кумаки ман нигоҳубин кардани фарзандонамонро надорад ва дар сурати зарурат ва пеш омадани ягон мушкил ӯ намедонад, ки кӯдаконро бо кӣ бимонад? Вақте кӯдакон хаста мешаванду мехоҳанд, ки онҳоро рӯи даст бардоранд, ҳамсари ман ба далели ҳомила буданаш онҳоро бардошта ҳам гнаметавонад. Нисбат ба ман ягон парвандаи ҷиноятӣ нест, ки ман битавонам ба рафти тафтишот таъсир бирасонам. Қазия ман маъмурӣ аст. Ман ба ҳеҷ сурат ба шоҳидон ваё ба рафти ҳодисот таъсир расонда наметавонам. Ман ҳаққи иқомат дар Литва дорам ва метавонам то анҷоми мурофиа дар озодӣ, ҳамроҳи аҳли хонаводаам бошам ва ба фарзандони хурдсолу ҳамсари ҳомилаам кумак расонам. Қарори боздошти ман одилона ва инсондӯстона нест, ҳуқуқи маро поймол мекунад ва ҳаққи ман барои таъмини осоиши фарзандонам ва ҳамсари беморамро поймол мекунад”, – навиштааст дар муроҷиатномааш Сулаймон Давлатов.
Сулаймон Давлатов, санаи таваллудаш 16 марти соли 1986, зодаи шаҳри Ваҳдат, аз соли 2015, инак 9 сол боз ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ ҳамроҳи зану фарзандонаш дар Литва ба сар мебарад.
Сулаймон Давлатов дар гузашта аз аъзои аршади ҳаракати оппозитсионии фаъолияташ феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон буд. Ӯ қаблан дар шаҳри Санкт Петербурги Русия тиҷорат дошт. Давлатов дар Литва низ ба тиҷорат машғул буд ва дар Вилнюс ошхонаву мағоза ва нонвойхона дошт.
Ин бори аввал нест, ки Сулаймон Давлатов дар Аврупо боздошт мешавад.
Соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти “Гуруҳи 24” аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ва мавҷи боздоштҳои аъзои он, Сулаймон Давлатов аз Петербург ба Финландия фирор кард, вале 20 феврали соли 2015 ӯро дар Финландия бар асоси дархости Интерпол дастгир карданд. Маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон ин фаъоли мухолифи ҳукуматро бо иттиҳомоти сангине, ба мисли “ба ҳайъати гуруҳҳои ифротӣ ҷалб кардану ба Сурия фиристодани ҷавонони тоҷик” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.
Он вақт додгоҳи Финландия ба далели ангезаҳои сиёсии парвандааш аз истирдоди Сулаймон Давлатов ба Тоҷикистон даст кашид ва ӯро алакай моҳе баъд, 24 марти соли 2015 озод карданд.
Баъди раҳоияш аз боздошт Финландия тибқи Паймони Дублин Давлатовро ба Литва фиристод ва ӯ аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кард.