ВидеоКоррупсия

БА МАБЛАҒИ 47 000: МУДИРИ БАХШИ ОМОРИ НОҲИЯИ СИНО БА ҚАЛЛОБӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 3 апрели соли 2024 хабар дод, ки мудири бахши омори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳукуматзода А.Х.  ба қаллобӣ ба маблағи 47 ҳазор сомонӣ, ё наздики 4300 доллар айбдор мешавад ва парвандаи ӯ алакай барои баррасӣ ба додгоҳ супурда шудааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Ҳукуматзода А.Х. дар вазифаи мудири бахши омори ноҳияи Синои Сарраёсати Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш ҷинояти қаллобиро ба миқдори махсусан калон содир кардааст.

 “Чунончи, Ҳукуматзода А.Х. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дидаву дониста аз он ки ваколати додани иҷозатнома барои сохтмони манзили истиқоматиро надорад, моҳи ноябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Душанбе Давлатов Ҷ.С. даромада, аз номбурда барои аз мақомоти дахлдори давлатӣ гирифта додани иҷозатномаи сохтмони манзили истиқоматӣ маблағи 47 000 сомониро талаб карда гирифт. Зимнан, Ҳукуматзода А.Х. баъди гирифтани маблағ аз Давлатов Ҷ.С. ба манфиати охирон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи 47 000 сомониро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуда, тасарруф кард, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба Давлатов Ҷ.С. зарари махсусан калони моддӣ расонид”,  – гуфта мешавад дар гузориши Агентӣ.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҳукуматзода А.Ҷ. бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар пайи анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Назари худи Ҳукуматзода ваё адвокат ё наздикони ӯ дастрас нест. Вале ба мансабдори ҳамакнун собиқ бар асоси қисми чоруми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 72 сомонӣ, ё тақрибан 6,5 доллар) ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон аз давлатҳои фасодзадаи дунё ба шумор рафта, дар раддабандии имсолаи солонаи Индекс ё Шохиси фарогирии коррупсия дар соли2023 якбора 12 зина поён рафт ва дар байни 180 кишвар дар мақоми 162-юм, яъне дар байни 20 давлати аз ҳама фасодзадаи сайёра ҷой гирифт.

Тоҷикистон дар ин раддабандӣ ҳатто аз кишварҳои африқоии Конго, Гвинеа-Биссау ва Эритрея  қафо монда, ҳамроҳ бо Афғонистону Мянма (Бирма) ва 4 кишвари дигари қораи Африқо:  Бурунди, ҷазираҳои Комор, Чад ва ҷумҳурии демократии Конго дар як зина қарор дорад.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаи аз Тоҷикистон ҳам пасттарро танҳо Туркманистон дорад, ки бо 18 имтиёз дар зинаи 170 ҷой гирифтааст.  Қирғизистону Русия ҳарду дар зинаи 141, Ӯзбекистон дар зинаи 121 ва Қазоқистон дар зинаи 93 ҷойгир шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button