ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ БОЗ СЕ ЗОДАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БАРОИ ҲАМДАСТӢ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ “КРОКУС” (ВИДЕО)

Маркази робитаҳо бо ҷомеаи Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия рӯзи 4 апрели соли 2024 хабар дод, ки кормандони ФСБ дар шаҳрҳои Маскав, Екатеринбург ва Омск боз 3 нафари дигар, ҳарсе зодагони Осиёи Марказиро бо гумони кумак ва ҳамдастӣ дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дастгир кардаанд.

“Дар шаҳрҳои Маскав, Екатеринбург як шаҳрванди Русия ва шаҳрванди хориҷӣ – ҳарсеяш зодагони минтақаи Осиёи Марказӣ – бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи террористии рӯзи22 марти соли 2024 дар маҷтамаи “Крокус сити ҳолл” дастгир шуданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ.

Ин ниҳод меафзояд: “Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ду тан аз боздоштшудагон барои заридани силоҳи оташфишор ва воситаҳои нақлиёте, ки дар амали террористӣ истифода шуд, пул гузарондаанд. Нафари сеюм бошад бевосита дар ҷалби шарикони ин ҳамлаи террористӣ ва маблағгузории омилони ҳамла иштирок кардааст”.

Тафсилоти дигари амалиёти боздошти онҳо дастрас нест. Номҳои дастгиршудагон ва аз кадом кишвар будани онҳо нашр нашудааст. Вале дар сабтҳои видеоии лаҳзаҳои боздошти онҳо шунида мешавад, ки дастикам 2 нафараш ба русӣ, вале бо гӯиши хоси тоҷикҳо суҳбат мекунанд.

Ҳангоми боздошт ду нафар аз дастгиршудагоро бозпурсии кӯтоҳ низ карданд. Ба суоли “Барои чӣ дастгир шудаӣ?”, ҳарду посухи ҳамсон доданд, ки “Барои ҳамлаи террористии “Крокус”. Дар кадом шароит ба даст овардани ин ҳарфи эътирофи онҳо маълум нест.

Дастикам яке аз боздоштшудаҳоро бо чархбол меоранд, вале маълум нест, ки ӯро бо чархбол аз куҷо ба куҷо бурда бошанд?

Шоми 22 марти соли 2024 чор нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав ҳамла оварда, издиҳомро тирборон карданд. Дар натиҷаи тирборон ва сӯхтори бино 144 нафар кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт.

Дар робита ба ҳамлаи Красногорск то инак  дастикам 18 нафар, аз ҷумла дастикам 11 зодаи Тоҷикистон дастгир шудаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамаи 4 нафаре, ки бевосита дар ҳамла ба “Крокус” иштирок доштанд, низ аз Тоҷикистонанд. Онҳо аз 19 то 33 сол дошта, зодагони шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button