МО – БЕГУНОҲЕМ! ШИКОЯТИ ПАДАРУ 2 ПИСАР АЗ ҲУКМИ ҲАБСАШОН БО ИТТИҲОМИ ҲАМДАСТӢ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР МАСКАВ
Зодаи Тоҷикистон Диловар Исломов, ки бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамлаи террористии рӯзи 22 март ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав ҳамроҳи падару бародари калониаш то 22 май ба ҳабс гирифта шудааст, аз ҳукми ҳабсаш шикоят кардааст. Дар ин бора рӯзи 3 апрели соли 2024 дар додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав ба хабаргузории РИА Новости хабар доданд.
“Ба додгоҳ шикоят аз қарори интихоби ҳабси пешакӣ ҳамчун чораи пешгирӣ нисбат ба Диловар Исломов ворид шудааст “, – хабар додааст ҳамсуҳбати ин хабаргузорӣ дар додгоҳи Басманний.
Қаблан падари Диловар Исломов Исроил Исломов ва бародари калониаш Аминҷон Исломов низ аз қарори ҳабсашон шикоят карда буданд.
Аз 10 нафаре, ки то имрӯз дар робита ба ҳамлаи 22 март ба ҳабс гирифта шудаанд, танҳо падару ду писар Исломовҳо аз қарори додгоҳ шикоят кардаанд.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав шаби 25 марти соли 2024 боз се зодаи Тоҷикистон: падар ва ду писари ӯро бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамлаи хунини шоми 22 март дар шаҳри Красногорск дар канори пойтахти Русия барои қариб 2 моҳ, яъне то 22 майи соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ёдовар мешавем, шоми 22 март бар асари ҳамлаи мусаллаҳона болои издиҳом дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар Красногорск дастикам 139 кас кушта шуданд.
Падару ду писар бар асоси моддаи 205, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии Русия ба даст доштан дар амали террористӣ айбдор мешаванд. Инҳо:
- Исломов Исроил Иброҳимович, 62-сола.
- Исломов Аминҷон Исроилович — 33-сола (санаи таваллудаш 12 августи соли 1990). Дар корхонаи нақлиётии Верхневолжск кор мекард.
- Исломов Диловар Исроилович — 24-сола (санаи таваллудаш 2 октябри соли 1999). Мисли бародараш дар корхонаи нақлиётии Верхневолжск кор мекард. Бино ба маълумоти расмӣ, мошиншӯ буд.
Исломовҳо зодаи Тоҷикистонанд, вале шаҳрванди Русия буда, дар вилояти Твер сабти ном шудаанд. Бино ба хабарҳо, писари хурдии ин хонавода Диловар Исломов соҳиби расмии ҳамон мошини рангаш сафеди тамғаи “Рено” буд, ки ҳамлагарон шоми 22 март бо он мошин ба толори “Крокус” омада, баъдани куштани мардум аз он ҷо бо ҳамин мошин фирор карданд.
Телеграм-канали “База” хабар дод, ки Диловар Исломов баъди ин ҳодиса ягон ҷо фирор накарда буд, балки билофосила баъди фаҳмидани инки мошини ба номи ӯ сабтиномшударо дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар ҷустуҷӯ қарор додаанд, худаш ба мақомот ҳозир шуд.
Вале тафтишот нисбат ба нақши Исломовҳо дар ҳамлаи Красногорск назари дигар дорад. Бино ба фарзияи тафтишот, саркардаи ҳамлагарон Фаридуни Шамсиддин ҳанӯз моҳи январи соли 2024 Аминҷон Исломовро ба ҳайъати гуруҳи ташкилдодааш ҷалб карда, бародари хурдии ӯ Диловар Исломов на дертар аз 11 март, яъне 11 рӯз қабл аз ҳамла, ба ин гуруҳ пайвастааст.
Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин шоми 25 март дар гузоришаш ба президент Владимир Путин дар бораи ҷараёни тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Красногорск хабар дод, ки се нафари рӯзи 25 март ҳабсшуда ҳамлагаронро нафақат бо мошин, балки бо хона низ таъмин карда, барояшон пул ҳам кашондаанд. Бастрикин номи ин се нафарро нагуфт, вале маълум буд, ки манзураш Исломовҳоян.
Қаблан Далерҷон Мирзоев, яке аз муттаҳамон дар ҳамлаи Красногорск дар баёноташ дар бораи “Абдулло” ном нафаре нақл карда буд, ки онҳоро ба анҷоми ин ҳамлаи хунин моил карда, барои ӯ, ки чор моҳ боз дар Русия бекор буд, ҳатто аз шиносҳояш мошин гирифта дод, то таксиронӣ кунад. Ба эҳтимоли ғолиб, ӯ ҳамон мошини сафеде “Рено”-ро, ки дар ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” истифода шуд, харида додааст, то ки такси бизанад. Манзури ӯ ғолибан ҳамон мошини “Рено” ва “Абдулло” ҳамин Фаридуни Шамсиддин буда, ва шиносҳои ӯ, ки мошинаш доданд, эҳтимолан, падару ду писар Исломовҳо буданд.
Баъдан хабарҳое нашр шуданд, ки Аминҷон Исломов шавҳари Маҳбуба Заргарова, хоҳари Фаридуни Шамсиддин будааст ва баъди ҳамла ва ҳабси шавҳараш Заргароваро бо се кӯдак аз Русия ихроҷ кардаанд. Ба болои ин, гуфта мешуд, ки шавҳараш ҳам Маҳбуба Заргароваро барои ба ин бало кашондани пои ӯву падару додараш талоқ додааст.
Исломовҳо дар Тоҷикисто дар деҳаи Арбобхотун дар канораи ғарбии пойтахти Тоҷикистон мезистанд. Ин деҳа қаблан ба ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дошт, вале соли 2021 ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамроҳ карда шуд.
Дар Русия онҳо ба тиҷорати мошин машғул будаанд, вале, тавре яке аз дӯстони ин оила ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” нақл кард, онҳо ҳеҷ гумон намекарданд, ки яке аз харидоронашон, ки хешованди наздикашо ҳам буд, метавонад пои онҳоро ба чунин як балои сахт бикашонад. Ин ҳамсуҳбати “Бомдод” таъкид кард, ки баробари дар расонаҳо дидани акси мошини фурӯхтаашон Исломовҳо худашон ба мақомот ҳозир шуда буданд, вале ҳоло онҳоро мехоҳанд ҳамчун шарики ҳамлагарон муаррифӣ кунанд, ки ба бовари ин дӯсти онҳо, аз рӯи инсоф нест.