ҶАНҶОЛИ ДУ ҲАМСОЯ БАРОИ ЗАМИНИ БОҒ ВА ҚАЛЛОБӢ БО 23 ТОННА ХОКАИ ҶОМАШӮӢ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 2 апрели соли 2024
Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамсоя
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 26-уми марти соли 2024, тахминан соати 10:00, бо ҳамсояаш марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур аз сабаби аз замини боғҳояш ҷудо намудани девори симтӯри сохташуда ҷанҷол намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ якдигарро кашола намудаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида бо шикам ба болои симтӯри аз арматураҳо мустаҳкамшуда афтида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Дастгир гардидани марди 30-сола бо гумони қаллобӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи марти соли 2022 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо марди 37-солаи сокини шаҳри Истаравшан вохӯрда, ба роҳи фиреб ба бовариаш даромада, бо баҳонаи хариду фурӯш ва гирифтани фоида 23 тонна хокаи ҷомашӯиро ба маблағи 261 ҳазор сомонӣ қабул намуда, онро ба дигар шахсон фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.