ВидеоСиёсатТоҷикистон

БОЗДОШТИ ДАҲҲО НАФАР ДАР ТОҶИКИСТОН БО ИТТИҲОМИ КӮШИШИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ИДИ НАВРӮЗ

Манобеи наздик ба мақомоти амниятии Тоҷикистон аз боздошти даҳҳо  нафар бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар рӯзҳои иди Наврӯз хабар медиҳанд. Ҳафтаи гузашта хабаргузориҳо, аз ҷумла Ройтерс, “Азия Плюс” ва РИА Новости, аз боздошти 9 сокини Ваҳдат ва 6 сокини Душанбе хабар дода буданд.  

Мақомот то кунун ба таври расмӣ ин масъаларо ягон бор шарҳ надодаанд, вале рӯзи 2 апрели соли 2024 як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) хабар додааст, ки дар умум бо гумони омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ алакай ҳудуди 20 нафар дастгир шудаанд ва дар байни онҳо сокинони шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Норак ҳастанд. Қаблан як манбаи дигар ба ин расона гуфта буд, ки дар байни дастгиршудагон ноболиғон низ ҳастанд. Ба гуфтаи манбаи ахир, ин афродро дар арафаи иди Наврӯз дастгир кардаанд.

 “Қасди гурӯҳ ин будааст, ки ба ҷашни асосии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҳамла кунанд ва то ҳадди имкон шахсони бештарро ба қатл расонанд. Ҷашни асосӣ рӯзи 24-уми март бояд баргузор мешуд, аммо барои ин ҳодиса як рӯз ба қафо партофта шуд. Баъд аз гирифтани хабар дар бораи қасди ҳамла, нерӯҳои вижаи КДАМ ва ВКД ду-се рӯз “Майдони Истиқлол”-ро зери назорат гирифтанд. Баъд аз он ки гумонбарон боздошт ва хавф бартараф шуд, ҷашнро гузаронданд,” – гуфтааст ин манбаъ.

Ӯ афзудааст, ки тафтиши парвандаро КДАМ дар ҳамоҳангӣ бо Додситонии кул пеш бурда истодааст ва муфаттишон аз ҷумла талош доранд, ки то куҷо бо омилони ҳамла ба толори “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорски Русия робита доштани дастгиршудагонро таҳқиқ кунанд.

Як рӯз қабл як манбаи РАИ Новости гуфт, то кунун дар мавриди иртиботи дастгиршудаҳо дар Тоҷикистон бо омилони ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар канори шаҳри Маскав ягон далел ба даст наомадааст, вале мақомоти амниятӣ таҳқиқи ин паҳлуи қазияро ҳамоно идома медиҳанд. Дар робита ба ҳамлаи Маскав дастикам 15 нафар дастгир шудаанд, ки дастикам 11 нафараш зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Ҷашни асосӣ бо карнавали наврӯзӣ дар Душанбе дар аввал, қарор буд, ки рӯзи 22 март доир шавад. Вале аввал ба далели обу ҳавои номусоид ин ҷашн ба рӯзи 24 март ва сипас ба 25 март қафо партофта шуд. Он вақт бархе манобеъ мегуфтанд, сабаби бори дуюм ба таъхир андохтани ҷашн шояд ин бошад, ки 24 март дар Русия ба ёди қурбониёни ҳамлаи Красногорск рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.

Тафтиши хабари боздошти даҳҳо нафар ва иддаои пешгирӣ аз қасди ҳамлаи террористӣ дар Душанбе тавассути манобеи мустақил имкон надорад. Ҳомиёни ҳуқуқ ва мухолифин мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро бисёр вақт ба “парвандасозию иттиҳомбофӣ” бо ҳадафи аз будаш бузургтар нишон додани натиҷаи корашон гунаҳкор мекунанд ва мегӯянд, чунин парвандаҳои бофта нафақат дар арсаи таъқиби мухолифини сиёсии ҳукумат, балки дар арсаи мубориза бо экстремизму терроризм низ хеле зиёд аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button