ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР РӮЗИ РАВШАН ХОНАҲОРО МЕЗАД: БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНЗАН БО ҶУРМИ ДУЗДӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 1 апрели соли 2024 аз боздошти як ҷавонзани сокини шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми даст доштан дар дастикам ду дуздӣ аз хонаҳои сокинон дар пойтахт, шаҳри Душанбе хабар дод. Ин дуздиҳо дар давоми моҳи март, аз ҷумла якеаш дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон сурат гирифта, ҳарҷми зарари ба соҳибхонаҳо расида дар умум 38 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 3400 долларро ташкил додааст.

Бино ба иттилои ВКД, зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Худи дастгиршуда  наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале дар гузориши ВКД ду мавриди дуздии ин ҷавонзан чунин тасвир шудааст: “Гумонбаршаванда, 4-уми марти соли 2024, рӯзона бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз онҷо маҳсулоти рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ, 12-уми марти соли 2024, рӯзона вориди манзили истиқоматии марди 38-солаи сокини пойтахт шуда, аз онҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Ҳуавей”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.
 Тафсилоти дигари парванда дастрас нест. ВКД гуфт, таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Дуздӣ ҷинояти аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 21 ҳазору 319 ҷинояти соли 2023 дар ин ҷумҳурӣ сабтшуда, 4241 ҷинояташ, яъне ҳар ҷинояти панҷум дуздӣ будааст. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5240 дуздӣ сабт шуда буд, ки қариб чоряки ҷамъи ҷиноятҳои солро ташкил медод.

Аммо омори расмӣ ҳамаи дуздиҳои дар кишвар содиршударо дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон муроҷиат ба мақомотро бесамар дониста, ё худашон мустақилона дар пайи ҷустуҷӯи дузд мешаванд ваё ба Худо ҳаволааш мекунанд.

Моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо барои дуздӣ вобаста ба ҳолатҳои чунин ҷиноят ва оқибатҳояш аз 2 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Аммо бо ҷурми дуздӣ дар Тоҷикистон аксаран мардон ба даст меафтанд.  Даст ба дуздӣ задани занону духтарон дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст, чунки дар ҷомиа дуздӣ кардани зан як амали нангин ба шумор рафта, ӯву хонаводаашро дучори шармсорӣ ва бадномӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button