ИқтисодНомаҳо ба президент

АНДОЗИ НАВ БАРОИ МОШИНҲО: 1580 СОМОНӢ БАРОИ НОБУДСОЗИИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ

Соҳибони воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон шикоят доранд, ки БДА ба сари онҳо андози наверо бо номи “Талон оид ба супоридани маблағи пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бор кардаанд. Аз ин ба баъд аз соҳибони мошинҳо талаб карда мешавад, ки дар баробари андозу пардохтҳои дигари мошин, ки ҳудуди 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, боз 1650 сомонии дигар барои “нобудсозӣ” бисупоранд.

Як ҳамсуҳбати пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ки мошинашро мебоист дар БДА сабти ном кунад, гуфт, ки бахшҳои сабти номи воситаҳои нақлиёт дар БДА аз рӯзи ҷумъа, 19 январ кор намекард ва зоҳиран тӯли 5 рӯз кормандони БДА ба ворид кардани талаботи нав ба барномаҳои компютерии ин идора машғул буданд.

“Давоми 5 рӯз корафтодагон наметавонистанд мошинҳои худро сабт кунанд. Рӯзи 24 январ шуъбаҳои сабти номи мошинҳо дар БДА ба кор даромад, вале гуфтанд, ки аз ин ба баъд барои ҳар воситаи нақлиёт бояд андози нобудсозӣ ҳам бисупоред. Аз ман фақат барои талонаш 70 сомонӣ талаб карданд. Нархи худи андози нобудсозӣ 1580 сомонӣ будааст. Гуфтанд, ки ин андоз як бор супорида мешавад, на инки ҳар сол”, – нақл кард  ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Як корафтодаи дигар хабар дод, ки барои мошини кӯҳнаи “Опел Зафира” мебоист солона 1760 сомонӣ бисупорад, вале ҳоло ба он 1580 сомонӣ пули андози нобудсозӣ изофа шуд.

“О наход барои як мошини хурд барои як сол гаштанаш 3340 сомонӣ бисупорем?” – мепурсад ин корафтода.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” мегӯянд, барои аксари соҳибони воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон супоридани беш аз 300 доллар барои мошинҳояш бори миёншикан аст ва хуб мешуд, агар мақомот нисбат ба мардум каме инсоф мекарданд.

“Барои як мошин беш аз 3 ҳазор сомонӣ дар ҳақиқат ҷабр аст охир. Ба кисаи мардуми мо тӯғрӣ намегирад”, – мегӯянд ҳамсуҳбатони “Бомдод”.

Масъулони БДА то кунун ин андози навро расман шарҳ надодаанд.

Вале бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳаҷми андози нобудсозӣ метавонад вобаста ба соли тавлид ваё ҳаҷми мошин, аз ҷумла сабукрав ё боркаш буданаш фарқ кунад.

Дар бархе кишварҳои дигар низ андози нобудсозӣ вуҷуд дорад, вале ин андозро маъмулан тавлидкунандагони мошинҳо (агар дар он кишвар корхонаҳои мошинсозӣ вуҷуд дошта бошанд) ваё воридкунандагони воситаҳои нақлиёт, ё ба истилоҳ мошинфурӯшҳо пардохт мекунанд ва харидорони оддӣ аз вуҷуди он ҳатто хабар намеёбанд. Албатта, агар худаш шахсан аз хориҷ барои худ мошин наорад ваё ягон мошини аз гумрук ногузашта, яъне “растаможка” ношударо нахарад.

Дар Тоҷикистон чунин ҳолатҳои аз харидорон талаб кардани пардохти андозҳое, ки дар вақташ аз тоҷирон ситодани онро “фаромӯш” кардаанд, бори аввал нест. Чанд вақт боз  дар Тоҷикистон бо баҳонаи сабти IMEI соҳибони телефонҳои мобилро маҷбур карда истодаанд, ки пули боҷу хироҷи гумрукии телефонашонро ҳам бисупоранд. Ҳатто агар ин телефон чанд сол пеш ба Тоҷикистон ворид карда шуда, дар ин байн аз 10 даст гузашта бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button