ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАРХӮРДИ МАРГБОРИ СКУТЕР БО ДУЧАРХА ДАР ВАХШ ВА “ОПЕЛ” БО ДАРАХТИ ТУТ ДАР ҚУБОДИЁН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз ду садамаи марговар дар ҷануби ҷумҳурӣ, аз ҷумла як садамаи ғайриоддӣ: бархӯрди скутер бо велосипед хабар дод.

Шаби 4-уми апрели соли 2024, тахминан соати 23:30, ронандаи дучархаи муҳаррикдори тамғаи “Скутер”, ноболиғ Назарзода М.М., соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Вахш ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Навбунёд ба самти маркази ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи “Скутер” набаромада, дучархарони солхӯрда Болтаев Нусратулло, соли таваллудаш 1954, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Болтаев Н. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. Вале табибон натавонистанд ӯро аз чанги марг наҷот диҳанд ва Болтаев Нусратулло рӯзи 6-уми апрели соли 2024, дар бемористон ҷон додааст.
Ҳамчунин нимаи дуюми рӯзи 7-уми апрели соли 2024, тахминан соати 16:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Азизов Саъди Неъматуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи С.Худойқулов, ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада ба дарахти тути канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Азизов С.Н. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили автомашина Худойқулов Юнус Давронович, соли таваллудаш 1979, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button