ВидеоМуҳоҷиронНуқтаи назар

ДАР МАСКАВ БЛОГЕРИ ТОҶИК САЛМОН РАҶАБЗОДАРО АЗ ТОЛОРИ ДОДГОҲ ОЗОД КАРДАНД

Додгоҳи ноҳияи Симонови шаҳри Маскав рӯзи 9 январи соли 2024 бо як тасмими дар таҷрибаи додгоҳҳои Русия хеле нодир аз қонеъ сохтани дархости таф тафтишот дар мавриди ҳабси пешакии блогери тоҷик Салмон Раҷабзода даст кашид ва ӯро дар толори додгоҳ озод кард. Салмон Раҷабзода ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва таҳқири духтарони рус дар видеоҳои саҳнасозишудааш айбдор мешуд.

Хадамоти матбуоти додгоҳ гуфт: “Додгоҳи ноҳияи Симонови шаҳри Маскав қарор кард, ки дархости мақомоти тафтишотӣ дар мавриди интихоби ҳабси пешакӣ ба сифати чораи пешгирӣ нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабзода Салмон Ҷумъабой рад карда шавад ва ӯ дар толори додгоҳ озод карда шавад”.

Салмон Раҷабзода, , ки бо тахаллуси Соломонкейн маъруф аст,  рӯзи 7 январ дастгир шуда буд. Ба зидди ӯ бар асоси банди “в” қисми дуюми моддаи 282 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бино ба фарзияи тафтишот, Раҷабзода қасдан дар видеоҳои саҳнасозишудааш шаъну шарафи духтарони русро паст мезад ва онҳоро сабукпо ва чунон дастрас ба қалам медод, ки гӯё тайёран бо ҳар марди ношиноси раҳгузар бӯсобӯсӣ кунанд ё рақамҳои худро бидиҳанд.

Аммо ҳамон рӯзи боздошти Салмон Раҷабзода, яъне 7 январ, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия Бахтовар Ҷумъаев изҳор дошт, ки блогери тоҷик “бе ягон гуноҳ” дастгир шудааст. Ҳомии ҳуқуқ гуфт, “ӯро қаблан туҳмат карда, ба зиддаш маърака сохта буданд. Бе ягон гуноҳ!”

Салмон Раҷабзода дар Маскав бо иштироки духтарҳои маҳаллӣ вайну пранк сабту нашр мекард. Дар ин видеоҳои аксаран саҳнасозишуда ӯ ба назди духтарони славянитабор омада, аз онҳо бӯса мехост ё рақамашонро мепурсид. Расонаҳои Русия навиштанд, ки шаҳрвандон дар ин видеоҳо кӯшиши сабукпо ва дастрас нишон додани духтарони русро мушоҳида кардаанд.

Вале хашми тамошобинонро ба вижа видеое, ки рӯзи 9 декабри соли 2023 нашр шуд, барангехт. Ин ҳамон видеоест, ки касе лоф мезанад, ки чӣ хел “бо Наташа кайф мекардам” ва ҳам иддао мекунад, ки “ба зудӣ ҳама духтарони рус занони мо мешаванд”.

Абрҳои сиёҳ болои сари блогери тоҷик рӯзи 6 январи соли 2024, вақте ҷамъ шуданд, ки раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкоро муҳоҷирбадбинонааш ном баровардааст, ин қазияро зери назорати худ гирифт, таҳқиқи видеоҳои таҳқиромез нисбат ба духтарони рус аз ҷониби блогери зодаи Тоҷикистонро тақозо кард.

Ва алакай рӯзи 7 январ  Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки нисбат ба блогери тоҷик бар асоси банди “в” қисми дуюми моддаи 282 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

 “Бино ба маълумоти тафтишот, зодаи Тоҷикистон рӯзи 9 декабри соли 2023 дар заминаи муносибати хусуматомез нисбат ба намояндагони миллати рус видеоро сабт ва сипас дар Интернет нашр кард, ки дар ин видео аломатҳои паст задани шаъну шарафи инсонии духтарони славян дида мешавад”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Мақомоти тафтишотӣ видеои бо дастони завлонапеч ба бозпурсӣ овардани блогери тоҷикро низ нашр карданд. Салмон Раҷабзода дар бозпурсӣ муаллифи сенарияи видеоҳои нашршуда буданашро эътироф мекунад, вале бо садои ӯ рафтани он ҷумлаҳоеро, ки хашми мардумро барангехт, рад кардааст.

То кунун дар бораи дастикам се парвандаи ҷиноятӣ ба зидди блогерони зодаи Тоҷикистон дар Русия хабарҳо нашр шуда буд.

Аз ҷумла як блогери 40-солаи зодаи Тоҷикистон моҳи майи соли 2020, дар айни авҷи пандемияи коронавирус дар шаҳри Балахнаи вилояти Нижний Новгороди Русия бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи ваксинаҳо аз ин беморӣ дастгир ва моҳи июл ба 300 соат корҳои ҷамъиятӣ маҳкум карда шуд. Ин блогер аз муҳоҷирон даъват мекард, ки ба зидди коронавирус ваксина нагиранд, чунки ин ваксинаҳо гӯё барои қатли ом сохта шудаанд.

Ҳамчунин дар даврони пандемияи коронавирус барои як пранк дар метрои Маскав дар бораи ин беморӣ блогери дигари тоҷик Кароматулло Ҷабборов (Кара-Пранк) дастгир ва сипас ба 2 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ӯро баъди озод шуданаш аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Дар тирамоҳи соли 2021  бошад барои дар назди калисои Василийи муқаддас  дар маркази Маскав гирифтани аксҳои хусусияти шаҳвонӣ дошта блогери зодаи Тоҷикистон Руслан Бобиев (аз рӯи шиносномааш: Талабҷон Муродҷонзода)  ва дӯстдухтари русаш Анастасия Чистова дастгир ва ҳар кадом ба 10 моҳи зиндон маҳкум шуданд. Руслан Бобиев соли 2022 аз маҳбас озод шуд ва мисли Кара-Пранк ӯро ҳам аз Русия депорт карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button