БОЗДОШТИ БЛОГЕРИ ТОҶИК САЛМОН РАҶАБЗОДА ДАР МАСКАВ БАРОИ ТАҲҚИРИ ДУХТАРОНИ РУС (ВИДЕО)

Телеграм-канали ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия наздики SHOT шоми 7 январи соли 2024 бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки блогери зодаи Тоҷикистон, ки дар Маскав бо ҷурми барангехтани кинаю адовати миллӣ дастгир шуд, Салмон Ҷумъабой ном дорад ва ба ӯ барои таҳқир ва паст задани шаъну шарафи духтарони рус дар видеоҳояш то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ин канал дар пушти аксҳои блогери тоҷик садои мардонаеро нашр кард, ки лоф мезанад, ки чӣ хел “бо Наташа кайф мекардам” ва ҳам иддао мекунад, ки “ба зудӣ ҳама духтарони рус занони мо мешаванд”. Вале ба иттилои манобеи SHOT, Салмон Ҷумъабой дар бозпурсӣ муаллифи сенария буданашро эътироф мекунад, вале гуфтааст, ки дар видеои ҷанҷолӣ садои ӯ нест.
Қаблан, нимаи аввали рӯзи 7 январ ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия Бахтовар Ҷумъаев хабар дод, ки шаби гузашта як блогери тоҷик дастгир шудааст. Ҳомии ҳуқуқ гуфт, “ӯро қаблан туҳмат карда, ба зиддаш маърака сохта буданд. Бе ягон гуноҳ!”
Бахтовар Ҷумъаев шоми 7 январ тасдиқ кард, ки парвандаи ҷиноятӣ бар асоси банди “в” қисми дуюми моддаи 282 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф ба зидди блогери тоҷик Салмон Раҷабзода, ки бо тахаллуси Соломонкейн маъруф аст, кушода шудааст.
“Аввалин, видео САҲНАСОЗИШУДА аст, вале маҳз ҳамин видео сару садои зиёд ба по карда, дар каналҳои гуногун дар Телеграм паҳн гардид ва шаҳрвандон ба хашм омада, аб Кумитаи тафтишоти Русия шикоят фиристодаанд. Хеле умедворем, ки додгоҳ қарори одилона хоҳад баровард”, – навиштааст Бахтовар Ҷумъаев.
Блогери зодаи Тоҷикистон Салмон Ҷумъабой Раҷабзода дар Маскав бо иштироки духтарҳо вайну пранкҳо сабт ва нашр мекард. Дар ин видеоҳои аксаран саҳнасозишуда ӯ ба наздики духтарони чеҳраашон славянӣ омада, аз онҳо бӯса ё рақами телефонашонро мепурсид. Расонаҳои Русия менависанд, ки шаҳрвандон дар ин видеоҳо кӯшиши ҳамчун духтарони сабукпо ва дастрас нишон додани духтарони русро мушоҳида кардаанд. Ба назари онҳо чунин расидааст, ки блогери тоҷик мехоҳад нишон бидиҳад, ки духтарони рус ба ҳар каси тасодуфие, ки бори аввал мебинанд, тайёранд бӯсобӯсӣ кунанд ваё рақами телефони худро бидиҳанд.
Вале хашми тамошобинонро ба вижа видеое, ки рӯзи 9 декабри соли 2023 нашр шуд, барангехт. Ин ҳамон видеоест, ки касе лоф мезанад, ки чӣ хел “бо Наташа кайф мекардам” ва ҳам иддао мекунад, ки “ба зудӣ ҳама духтарони рус занони мо мешаванд”.
Абрҳои сиёҳ болои сари блогери тоҷик рӯзи 6 январи соли 2024, вақте ҷамъ шуданд, ки раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкоро муҳоҷирбадбинонааш ном баровардааст, аз мақомоти тафтишотии шаҳри Маскав таҳқиқи видеоҳои таҳқиромез нисбат ба духтарони рус аз ҷониби блогери зодаи Тоҷикистонро тақозо кард. Бастрикин ин парвандаро ҳам зери назорати худ гирифта, аз сардори Сарраёсати тафтишоти пойтахти Русия А.А.Стрижов талаб кард, ки дар бораи ҷараёни таҳқиқи қазия ба ӯ ҳисобот бидиҳад.
“Дар расонаҳои иҷтимоӣ хабарҳо дар бораи аз ҷониби як зодаи Тоҷикистон нашр шудани видеоҳои саҳнасозишуда, ки дар онҳо духтарони русро ба масхара мегиранд, паҳн шудаанд. Ин муҳоҷир духтарони сокини Маскавро ба гунаи номуносиб намоиш дода, нисбат ба онҳо шарҳҳои қабеҳро низ раво мебинад”, – иддао шудааст дар гузориши хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия.
Ва алакай рӯзи 7 январ Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав дар каналаш дар Телеграм хабар дод, ки шуъбаи байниноҳиявии тафтишотии Симонов нисбат блогери тоҷик бар асоси банди “в” қисми дуюми моддаи 282 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.
“Феълан гумонбаршаванда дастгир шуда, бо ӯ тадбирҳои тафтишотӣ гузаронда мешаванд. Бино ба маълумоти тафтишот, зодаи Тоҷикистон рӯзи 9 декабри соли 2023 дар заминаи муносибати хусуматомез нисбат ба намояндагони миллати рус видеоро сабт ва сипас дар Интернет нашр кард, ки дар ин видео аломатҳои паст задани шаъну шарафи инсонии духтарони славян дида мешавад”, – гуфта мешавад дар иттилоия.
Мақомоти тафтишотӣ видеои бо дастони завлонапеч ба бозпурсӣ овардани блогери тоҷикро низ нашр карданд.
То кунун дар бораи дастикам се парвандаи ҷиноятӣ ба зидди блогерони зодаи Тоҷикистон дар Русия хабарҳо нашр шуда буд.
Аз ҷумла як блогери 40-солаи зодаи Тоҷикистон моҳи майи соли 2020, дар айни авҷи пандемияи коронавирус дар шаҳри Балахнаи вилояти Нижний Новгороди Русия бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи ваксинаҳо аз ин беморӣ дастгир ва моҳи июл ба 300 соат корҳои ҷамъиятӣ маҳкум карда шуд. Ин блогер аз муҳоҷирон даъват мекард, ки ба зидди коронавирус ваксина нагиранд, чунки ин ваксинаҳо гӯё барои қатли ом сохта шудаанд.
Ҳамчунин дар даврони пандемияи коронавирус барои як пранк дар метрои Маскав дар бораи ин беморӣ блогери дигари тоҷик Кароматулло Ҷабборов (Кара-Пранк) дастгир ва сипас ба 2 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ӯро баъди озод шуданаш аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.
Дар тирамоҳи соли 2021 бошад барои дар назди калисои Василийи муқаддас дар маркази Маскав гирифтани аксҳои хусусияти шаҳвонӣ дошта блогери зодаи Тоҷикистон Руслан Бобиев (аз рӯи шиносномааш: Талабҷон Муродҷонзода) ва дӯстдухтари русаш Анастасия Чистова дастгир ва ҳар кадом ба 10 моҳи зиндон маҳкум шуданд. Руслан Бобиев соли 2022 аз маҳбас озод шуд ва мисли Кара-Пранк ӯро ҳам аз Русия депорт карданд.




