ВидеоНомаҳо ба президентҶомеа

БАРОИ 4 ОИЛАИ ДАР САДАМАИ МОҲИ АВГУСТ ОСЕБДИДА ДАР КӮЛОБ ХОНАҲОИ НАВ СОХТААНД (6 АКС)

Рӯзи 4 январи соли 2024 ба 4 оилаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки ба асари садамаи нақлиётии пурқурбонии шоми 6 августи соли 2023 хонаҳояшон хароб шуда буд, хонаҳои нав доданд.

Рӯзномаи “ХАТЛОН”, нашрияи расмии ҳукумати вилояти Хатлон бо нашри 6 акс дар гуруҳаш дар Фейсбук хабар дод, ки маросими супурдани хонаҳои нав ба оилаҳои осебдида дар ҷараёни сафари кории сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сурат гирифт. Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки дар маросим ҳамчунин вазири нақлиёт Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидзода ва шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода низ ҳузур доштанд.

“Хатлон” хабар дод, ки хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои 4 оилаи осебдидаи садамаи нақлиётӣ дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи бозори “Сомониён” сохта шуданд.

Хона барои оилаи Ёров Сафармадро ҳукумати вилояти Хатлон, барои оилаи Ёров Ҷумахонро шаҳрдории Кӯлоб  барои оилаи Ёров Шамсуллоро масҷидҳои ҷомеи шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби намозгузоронашон ва як хона барои оилаи  Ҷононова Қурбонбиро кумитаи иҷроияи шуъбаи кӯлобии ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон сохтаанд. “Хатлон” менависад, ки ҳар кадоми ин хонаҳо аз 3 ҳуҷра ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошанд.

Сарвазир Қозир Расулзода ҳангоми супурдани хонаҳо ба оилаҳои осебдида гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набошанд, зеро давлату ҳукумат ҳамеша дар паҳлуи шаҳрвандонаш мебошад.

Бар асари садамаи нақлиётии пурқурбонии шоми 6 августи соли 2023 дар назди бозори “Сомониён”-и шаҳри Кӯлоб 10 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Садамаи Кӯлоб дар баробари як садамаи пурқурбонии аввали моҳи июл дар Файзобод, ки 11 кушта ба ҷо гузошт, яке аз пурқурбонитарин садамаҳои соли 2023 дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Гуфта мешуд, сабабгори садама аз кор баромадани тормозҳои як мошини пурбори ширкати “Кафолати воридоту содирот” шудааст, ки бо суръати баланд аз тарафи ноҳияи Ш.Шоҳин сарозер шуда, дар назди бозори “Сомониён” 7 мошину чанд хона ва издиҳоми раҳгузаронро пахш кард. 

Ронандаи мошин Шуҳратҷон Эргашев низ дар он садама ба ҳалокат расид.

Мақомот то кунун дар бораи инки оё ин ширкат барои садамаи пурқурбонии мошинаш ба ҷазое кашида шуд ё на?, хабаре надодаанд ва исми соҳибони аслии ширкатро ҳам ошкор ва нашр накарданд. Тибқи аснодаш, муассиси ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” Ҳусейн Зиёев ва раиси ширкат Мавлон Зиёев, ду шахсияти дар ҷомиа ноошно мебошанд. Аммо маълум нест, ки ин ширкат дар асл аз худи онҳост, вале танҳо ба номи онҳо?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Холмуҳаммадпури Абдуғаффор, чаҳор хона ба чаҳор оила муборак бод! гуяд:

    Ҳукумати мамлакат ва вазорати нақлиётро зарур аст, ки пеш аз ҳама ин роҳи аҳамияти стратегӣ ва байналмиллалидоштаро пурра мутобиқ ва муносиб ба стандартҳои ҷаҳонӣ азнавсозӣ карда, барои маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру деҳот бехатар, бемонеъа, бефалокат, бесадама ва беоқибатҳои нохуш мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ҷону моли шаҳрвандони осоиштаро аз ҳар гуна зиёну зарар ҳифз намоянд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button