ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

НУКТАИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ: СОЛИ 2024 МАОШУ НАФАҚАҲО АЗ 30 ТО 40 ФОИЗ БОЛО БУРДА МЕШАВАНД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 декабри соли 2023 дар паёми солонааш аз 8 дарсад рушди иқтисоди кишвар ва то ба 21 фоиз пойин омадани сатҳи камбизоативу ба 76 расидани синни миёнаи сокинони Тоҷикистон хабар дод. Ӯ дар бораи лимити шадиде, ки имсол дар кишвар ҷорӣ шудааст, тақрибан чизе нагуфт, вале ваъда дод, ки соли 2025 чархаи сеюми нирӯгоҳи Роғунро ба кор андохта, то соли 2037 Тоҷикистон пурра ба энергияи сабз мегузарад. Ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки то соли 2030 фоизи аҳолии камбизоатро то 10 фоиз пойин хоҳанд овард ва минбаъд ба парлумон ва ҳукумат танҳо афроде таъйин хоҳанд шуд, ки ҳадди ақал ду забони хориҷиро бидонанд.

Аммо муҳимтарин ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёмаш барои мардуми оддӣ, албатта, ваъда дар соли 2024 аз 30 то 40 фоиз боло бурдани маошу нафақаҳо буд.

Аз ҷумла алакай аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот бояд 40 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамчунин аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм,  фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ,  инчунин стипендияҳо низ 40 фоиз зиёд карда шуда, аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ,  инчунин иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраргардидаашон зиёд карда мешаванд.

Инчунин аз 1 июли соли 2024 маоши  ҳадди ақал барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат  ба ҷои 600 сомонии феълӣ ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш гуфт, ки дар соли 2023 аз ҳисоби буҷа барои бунёди нирӯгоҳи Роғун 5 м иллиард сомонӣ равона шуда буд.

“Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати 3 Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем”, — изҳор дошт ӯ. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳоло дар сохтмони Роғун 15 ҳазор нафар бо 500 техника кор мекунанд, вале ин сохтмон, ки президенти Тоҷикистон онро “иншооти муҳими аср” номид, боз ба дастикам 5 ҳазор коргари бештар зарурат дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш дар бораи лимити шадиди барқ дар кишвар чизе нагуфт, вале аз боло бурдани нархи барқ пуштибонӣ кард.

“Пули барқ ҳатто ба маоши корманди “Барқи Тоҷик” намерасад. “Барқи Тоҷик” банкрот шуда истодааст, мо Роғунро аз кадом ҳисоб бунёд кунем? Мехоҳем, ё намехоҳем, вале бо мурури замон, нархи нирӯи барқро бояд боло бардорем”, – гуфт вай.

Бар асоси қарори ҳукумат, алакай аз 1 январи соли 2024 аҳолӣ барои ҳар киловатти барқ ба ҷои наздики 27 дирами кунунӣ қариб 31 дирам пардохт хоҳанд кард.

Ба фарқ аз паёми як сол қаблаш Эмомалӣ Раҳмон ин дафъа мавзӯи буҳрон дар соҳаи алоқа ва Интернетро доман назад. Ин дар ҳолест, ки дар як соли охир соҳаи алоқа ва Интернет дар кишвар ба буҳрони боз ҳам амиқтар фурӯ рафта, сокинон ҳоло нафақат аз суръати мисли сангпушти Интернет шикоят мекунанд, балки мегӯянд, ҳатто занг задан бо телефонҳо ба як амри маҳол табдил ёфтааст. Хусусан вақте ки нирӯи барқро мекушанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш бо зикри ин ки дар соли 2023 Тоҷикистон 13 ёдгории таърихию фарҳангии мардуми тоҷикиро ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кард, гуфт, ба зудӣ  дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода мешавад. То кунун умури ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар дасти як раёсати вазорати фарҳанг буд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, соли 1999 тақрибан 83 фоизи аҳолӣ ва соли 2017  29,5 фоизи аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр ба сар мебурд. Соли 2023 ин рақам то 21,2 фоиз пойин оварда шуд. Президенти Тоҷикистон хост, ки то 7 соли дигар ин рақамро то ҳадди 10 фоиз пойин биоранд.

Эмомалӣ Раҳмон ин дафъа бори аввал дар паёми солонааш ба вазъи муҳоҷирони тоҷик пардохт ва гуфт, шароити муҳоҷиронро нағз медонад.

“Садҳо ҷасад меорем. Онҳо барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ барои фарзандонаш рафтаанд, чунки мо, роҳбарон, аз боло то поён фақат фикри нафси бади худро дорем”,  – изҳор дошт президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон 71 сол дошта, аз соли 1992, инак 31 сол боз раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад.  Чандин сол боз дар доираҳои ҳокими ҷумҳурӣ нақшаи интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ дар дасти баррасӣ қарор дорад, вале иҷрои ин нақша алакай чандин бор ба далелҳои мухталиф ба қафо партофта мешавад. Огоҳони ҳол мегӯянд, ки худи Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз барои супурдани курсӣ азму иродаи кофӣ нишон намедиҳад, вагарна мухолифатҳои қаблан вуҷуддошта ба номзадии Рустами Эмомалӣ ба унвони раҳбари ояндаи Тоҷикистон тақрибан аз байн рафтаанд ва дар дохили оилаи президент ва доираҳои ҳокими ҷумҳурӣ дар ин маврид як навъ иттифоқи назар ҳосил шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button