Минтақа ва ҷаҳонНомаҳо ба президентСиёсат

ТАЪҚИБОТРО БАС КУНЕД! НОМАИ РАИСИ КУМИТАИ СЕНАТИ АМРИКО БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Раиси кумитаи равобити байналмилалии Сенати Амрико сенатори демократ Бен Кардин дар я нома аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори қатъи таъқиботи дигарандешон чӣ дар дохил ва чӣ дар берун аз кишвараш шудааст. Дар  сомонаи расмии Кумитаи равобити байналмилалии Сенати Амрико  гуфта мешавад, ки ин нома ба қароргоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат, воқеъ дар кӯчаи Шириншо Шотемури шаҳри Душанбе рӯзи 27 ноябри соли 2023 ирсол шудаст. Ирсоли ин нома дар ҳолест, ки рӯзи 6 декабр Кардин дар Кумитаи равобити байналмилалии Сенати Амрико муҳокимаи масъалаи таъқиботи фаромарзиро бо иштироки ҳамаи аъзои ин кумита доир мекунад.

Сенатор Кардин дар номааш аз президент Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки “таъқиботи давомдор нисбат ба мухолифини осоишта, журналистон ва фахолони ҷомиаи шаҳрвандиро чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ берун аз он бас кунад”. Ӯ афзудааст, ки аз Тоҷикистон “дар бораи боздоштҳои худсарона,  имкон надодан барои муҳокимаи муносиби додгоҳӣ, ҳамчунин амалҳои хушунатборе, ба мисли шканҷа, ҳамлаҳо ва ҳатто куштори журналистон, дигарандешони сиёсӣ, ҳамчунин раҳбарони ҷамъиятиву мазҳабӣ хабарҳо ба даст мерасанд. Таъқиботи давомдор  нисбат ба ақалиятҳои миллию динӣ ва роҳбарону созмонҳои маҳаллӣ аз ҷумла дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон мояи нигаронии вижа гардидааст”.

Бар асоси ҳисобҳои созмони Freedom House, бо вуҷуди онки Тоҷикистон кишвари чандон бузурге нест, аз лиҳози таъқиботи фаромиллӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Ба ҳисоби ин созмон, танҳо дар соли 2022 мақомоти Тоҷикистон аз Русия 11 тан аз мухолифин ва фаъолони мазҳабиро зӯран овардаанд ва аксари онҳо бо ҷурмҳои бофта ба зиндон андохта шудаанд.

Сенатор Кардин дар номааш ба Эмомалӣ Раҳмон навиштааст, ки агар Тоҷикистон мехоад аз ҳамкориаш бо ҷомиаи байналмилалӣ сӯди ҳадди аксарро бардорад, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиаш дар мавриди мурооти ҳуқуқи инсон ба манфиаташ мебошад.

Тарҷумаи тоҷикии матни пурраи номаи сенатор Кардин ба Эмомалӣ Раҳмонро дар зер бихонед:

Ҷаноби Президенти муҳтарам,

Ман ин номаро барои он менависам, ки нигаронии худро дар бобати муносибати шадиди давомдори ҳукумати Шумо нисбат ба  мухолифони сиёсӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва намояндагони ҷомиаи шаҳрвандиро баён кунам.

Азбаски Тоҷикистон талош дорад, то аз густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, тиҷорат ва сармоягузории хориҷӣ сӯд бигирад, ҳукумати Тоҷиктстон бояд дар иҷрои уҳдадориҳои худ дар чорчӯби Эъломияи ҳуқуқи инсони Созмони Милал ва Санади ниҳоии Ҳелсинки ва ҳамчунин уҳдадориҳои дигаре, ки дар чорчӯби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба дӯш гирифтааст, ба пешрафт ноил шавад. Аз ҷумла ман аз Шумо даъват мекунам, ки таъқиботи ҳукумататон нисбат ба намояндагони мухолифини осоишта, журналистон ва аъзои ҷомиаи шаҳрвандиро чӣ дар дохил ва чӣ дар беруни  Тоҷикистон бас кунед. Дар бораи боздоштҳои худсарона,  имкон надодан барои муҳокимаи муносиби додгоҳӣ, ҳамчунин амалҳои хушунатборе, ба мисли шканҷа, ҳамлаҳо ва ҳатто куштори журналистон, дигарандешони сиёсӣ, ҳамчунин раҳбарони ҷамъиятиву мазҳабӣ хабарҳо ба даст мерасанд. Таъқиботи давомдор  нисбат ба ақалиятҳои миллию динӣ ва роҳбарону созмонҳои маҳаллӣ аз ҷумла дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон мояи нигаронии вижа гардидааст.

Бино ба гузориши кишвар ба кишвари Департаменти давлатии Амрико оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2022, ҳукумати Шумо барои таъқиби афроди алоҳида: мухолифони сиёсӣ, фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва журналистон  аз усули тарсондан кор гирифта, аз низоми додгоҳӣ низ дар берун аз Тоҷикистон сӯиистифода кардааст, ки ин  ҳамчун таъқиботи фаромиллӣ маъруф аст. Freedom House, ки таҳқиқот ва гузоришҳояш дар сатҳи байналмилалӣ эътибори зиёд доранд, ба натиҷае расидааст, ки қариб сеяки ҳамаи мавридҳои дар ҷаҳон ошкоршудаи таъқиботи фаромиллии ҷисмонӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст.  Ва ин бар иловаи ҳолатҳои таъқибу тарсондан аз тариқи Интернет аст.

Ман аз Шумо даъват мекунам, ки таъқибот нисбат ба мухолифони осоишта, роҳбарони ҷамъиятӣ, журналистон ва фаъолонро дар Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳама гуна усул ва шаклҳои таъқиботи фаромиллиеро, ки ҳукумати Шумо дар хориҷ анҷом медиҳад, аз ҷумла додани хатҳои сурхи Интерпол барои маҷбуран баргардондани дигарандешонро бас кунед.

Иёлоти Муттаҳида мехоҳанд мушорикати дар ҳоли афзоиши худро бо Тоҷикистон таҳким бахшанд. Таҳкими ҳуқуқи инсон ва ҳукми қонун барои Тоҷикистон из ҳисоби афзоиши таъсир сармоягузориҳои хориҷӣ, туризм ва тиҷорат фоидаҳои дарозмуддат хоҳад овард.

Ман бесаброна мунтазири посухи Шумо ва омӯзиши роҳҳое ҳастам, ки Иёлоти Муттаҳида чӣ гуна метавонад аз талошҳои ҳукумати Шумо барои ислоҳот пуштибонӣ кунад.

Бенҷамин Л.Кардин, Сенатори ИМА

Матни пурраи номаи сенатор Бен Кардин ба Эмомалӣ Раҳмон ба забони англисӣ чунин аст:

Dear Mr. President,

I write to express concern regarding your government’s ongoing harsh treatment of political opponents, human rights and civil society actors.

As Tajikistan seeks to benefit from increased international engagement, foreign trade and investment, the government of Tajikistan must make progress towards fulfilling its commitments under the U.N. Declaration of Human Rights and the Helsinki Final Act and other commitments undertaken in the Organization for Cooperation and Security in Europe (OSCE). Specifically, I appeal to you to end your government’s ongoing repression of peaceful opposition figures, journalists, and civil society members, both when they are in Tajikistan and when abroad. There are persistent reports of arbitrary arrest, denial of judicial due process, as well as acts of violence including torture, assault and even instances of murder of journalists, political dissidents, as well as community and religious leaders. The ongoing crackdown on ethnic and religious minorities, their local organizations and leaders, in the Gorno-Badakhshan region, in particular, is especially troubling.

According to the U.S. Department of State’s 2022 Country Report on Human Rights, your government used intimidation and abused judicial procedures to engage in repression against individuals outside of Tajikistan’s borders – also known as transnational repression – targeting political opponents, civil society activists, human rights defenders and journalists. Freedom House, whose research and publications are widely respected internationally, found that Tajikistan accounted for nearly one third of all recorded global incidents of direct physical transnational repression, in addition to countless incidences of digital harassment and intimidation.

I urge you to immediately end the repression of peaceful demonstrators, community leaders, journalists and activists in Tajikistan, as well as all forms of transnational repression that your government is pursuing abroad, including the issuance of Interpol red notices to forcibly repatriate dissidents.

The United States wants to strengthen its growing partnership with Tajikistan.  Bolstering human rights and the rule of law will reap long-lasting benefits for Tajikistan through increased influence, foreign investment, tourism, and trade.

I look forward to hearing your reply, and to exploring ways the United States can support your government’s reform efforts.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Устоди демократия ва озодӣ дар ИМА гуяд:

    Банда эмомалӣ раҳмонро дифоъ намекунам, вале эмомалӣ ҳақ дорад, ки номаи сенати амрикоро бурда, дар қабристони “Лучоб” дафн кунад (аз ибораҳои тундтар бо далоили ахлоқӣ худдорӣ мекунам). Чунки худи иёлоти муттаҳидаи амрико ҳамин шабу рӯз нисбати эътирозгарони тарафдори Фаластин, ки аксарашон шаҳрвандони ИМА мебошанд ва хоҳишашон оташбас асту бас, чӣ муносибате карда истодааст? Ҳазорҳо нафарро аз кор ронданд, даҳҳо ҳазор донишҷӯро таҳдиди ихроҷ аз донишгоҳҳоро мекунанд, барномаҳои телевизионии баъзе рӯзноманигорон (Меҳдӣ Ҳасан) мамнӯъ шуд, ҳатто аъзоёни конгрессро таҳдид карда истодаанд, номзадҳо ба мақоми президент якдилона баён мекунанд, ки визаи касоне, ки ҷониби Ғаззаро мегирад, чӣ донишҷӯ бошад, чӣ паноҳҷӯ, чӣ гуреза лағв карда мешаванд. Касоне, ки “аз беэҳтиётӣ” андак ҳусни занне нисбати мардуми мазлуми Фаластин нишон доданд (ба мисли Арнолд Шварстнегер ва Илон Маск ва ғайра) дарҳол “таҷдиди назар” карданд. Дар ИМА Исроил “фариштаи бегуноҳ” (innocent Angel) аст, Фаластин “ҳайвонҳои башарӣ” (Human animals). Амрико “гаҳвора”-и демократия ва озодӣ, “сарчашма”-и адолати судӣ, “абарқудрати сулҳпарвар” ва ғайра… собиқан, албатта!
    Амалиёте, ки эмомалӣ дар Бадахшон анҷом додааст, нисбат ба ҷиноятҳои исроил, ки дар қитъаи Ғазза анҷом дода истодааст, як қатра аз баҳр аст!
    (Идораи барномаҳои “Бомдод” хоҳишан ин баёни таърихии моро нашр кунед, агар мустақил ҳастед!).

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button