ВидеоИлму фанноварӣНомаҳо ба президентҶомеа

ДОНИШКАДАИ РАШТ ХАБАРИ АСОСӢ – АЗ ХОБГОҲ РОНДАНИ 23 ОМӮЗГОРРО ЭЪТИРОФ КАРД. ҚАЗИЯРО ВАЗОРАТ ТАҲҚИҚ МЕКУНАД

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 1 декабри соли 2023 хабар дод, ки ин вазорат матлаби дар саҳифаи фейсбукии ҳафтаномаи “Пайк” ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти унвони “Рашт: 23 нафар омӯзгоронро аз манзили истиқоматӣ ронданд” аз ҷониби Саиди Ҳайдар нашргардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.

“Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ҷиҳати санҷиши вазъи баамаломада дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ташкил карда шуда, аллакай фаъолияти худро оғоз намудааст. Гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм вазъи бурдубоши омӯзгорон дар хобгоҳи донишҷӯён ва хонаҳои истиқоматии хизматии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро мавриди омӯзиш, баррасӣ ва санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он маълумоти муфассал пешниҳод менамояд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти вазорати маориф ва илм.

Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Маҳмадёр Раҷабзода низ шоми 30 ноябр дар як посухи расмӣ аз номи раёсати ин мактаби олӣ аз нашрияи “Пайк” ва муаллифи мақола Саид Ҳайдар хеле мазаммат кардааст, вале хабари асосии зикршуда дар он мақола –  аз хобгоҳ рондани даҳҳо омӯзгори Донишкадаи Раштро тасдиқ кардааст.

Раёсати Донишкада талош кардааст, ки ин иқдоми худро ба гунае тавҷеҳ карда, ҳатто ҳамчун “ғамхорӣ” дар ҳаққи он омӯзгорони аз хобгоҳ рондашуда ба қалам диҳад, вале чандон муваффақ нашудааст ва тавҷеҳҳои овардааш бараксмисли  узри бадтар аз гуноҳ менамоянд.

Раёсати донишкада дар тавҷеҳи иқдомаш барои аз хобгоҳ рондани омӯзгорон аз ҷумла навишт: “Бояд хотирнишон сохт, ки хобгоҳи донишҷӯёни донишкада таъиноти иҷтимоияш танҳо барои донишҷӯён пешбинӣ шудааст, вале бо сабаби дурии роҳ раёсати донишкада барои як гурӯҳ омӯзгорони ҷавон чанд утоқи хобгоҳро муваққатан барои истиқомати онҳо ҷудо карда буд. Марҳала ба марҳала қисми зиёди омӯзгорон хонаҳои истиқоматии иҷоравии назди донишкадаро барои зист интихоб намуданд… Воқеае, ки дар мақолаи Шумо тасвир шудааст, рондани омӯзгоронро аз манзили истиқоматӣ ифода намесозад, балки худи омӯзгорон медонистанд, ки иқомати онҳо дар хобгоҳи донишҷӯён муваққатӣ ва ғамхории навбатии раёсати донишкада аст ва дар байни раёсати донишкада ва омӯзгорон ҳеҷ гуна расмиёти ҳуқуқӣ (бастани шартнома) вуҷуд надорад. Муҳтарам Саиди Ҳайдар, воқеа чунин аст, ки вазъи нигоҳдошти утоқҳо аз ҷониби омӯгорон ба ҳолати санитарӣ ҷавобгӯ набуд ва чунин вазъ новобаста аз таъкидҳои пайвастаи раёсати донишкада ислоҳ нашуд ва ниҳоди санитарӣ-эпидемиологӣ дар санаи 28-уми ноябри соли равон чунин вазъро ошкор намуд, ки имрӯз он ба як ҳангома табдил ёфтааст”.

Дар посух ҳамчунин таъкид шудааст, ки “ректори донишкада ҳеҷ гуна дарҳои ҳуҷраҳои хоби устодонро нашикастааст ва чизу чораҳои омӯзгоронро худи онҳо барои иқомат дар дигар ҷо ба берун бароварда буданд”.  Аз посух ҳамчунин бармеояд, ки масъулони донишкада бештар аз ҳама аз “рэкетир” номидани ректор Раҷабзода озурда шудаанд, то аз онки кӯчу банди оилаҳои даҳҳо омӯзгорро дар пешорӯи фасли сармо ба кӯча бароварда партофтанд

“Муҳтарам Саиди Ҳайдар, Шумо қабл аз нашри ин мақола ду маротиба бо ректори донишкада вохӯрӣ анҷом дода будед, дар гуфтор ва рафтори ректор – Раҷабзода М.Н. ягон беэҳтиромӣ, носипосӣ ва ё “рекетӣ”-ро эҳсос ё мушоҳида карда бошед, маъзарат мехоҳем ва агар накарда бошед, он гоҳ зарурати дар мақола ҷо додани истилоҳи “рекет”-ро ба омӯзгор, новобаста аз мақому мансабаш муносиб намедонистед”, – хитоб ба муаллиф навишта шудааст дар посухи Донишкадаи омӯзгории Рашт.

Нашрияи “Пайк” рӯзи 28 ноябри соли 2023 бо нашри се акс дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки аз соати ҳашти субҳи 29 ноябр2023 ректори Донишкадаи омӯзгории Рашт Раҷабзода Маҳмадёр Носир ҳамроҳи муовинонаш ва муҳофизони донишкада 23 омӯзгори ин муассисаи таълимиро худсарона аз хобгоҳи донишкада пеш кардаанд. “Пайк” навиштааст,  рафтори ректори донишкада Раҷабзода ба “рэкетир” шабоҳати бештар дошт, то ба ректор.

Ба иттилои Саид Ҳайдар, муаллифи гузориш, “чизу чораи омӯзгоронро дар саҳни донишгоҳ рехта ва ҳатто дар пеши чашми донишҷӯён омӯзгоронро таҳқир карданд”. Ӯ навишт, ки ректор Раҷабзода худаш “бо як бераҳмии махсус на ҳамчун ректор, балки чун “рэкет”дарҳои ҳуҷраҳои хоби устодонро дар хобгоҳи муаллимон шикаста, бо зердастонаш ҷиҳози онҳоро ба берун бароварда партофтанд ва муалимонро ҳар гуна суханҳои бад гуфта талаб намудааст, ки ӯ вазифадор нест, ки муаллимонро бо хобгоҳ таъмин намояд.”
Ин дар ҳолест ки баъзе аз устодон аз ноҳияҳои Сангвор, деҳаҳои дурдасти ноҳияи Нуробод, аз ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод буда, ба ҷуз аз ин хобгоҳ сарпаноҳи дигаре дар Рашт надоранд.

Дониишкадаи омӯзгорӣ дар Рашт соли 2008 бо мақсади таъмини водии Рашт бо кадрҳо таъсис ёфта, ҳоло дар он 3500 донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    “То шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад!”
    Рафтори “рекэтер” зарбаи беобрӯкунанда ба соҳаи илму маорифи кишвар дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд, дар дилхоҳ кишвари хориҷӣ барои чунин кирдор вазири маориф ҳадди ақал истеъфо медиҳад. 60% буҷети ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф равона шудааст, айб аст, ки иншооти соҳа моли “шахсӣ” ину он бошад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button