Муҳоҷирон

ЯК ТОҶИК, КИ “ЗАПРЕТ” ДОШТ, АЗ ТАРИҚИ ДАРЁ БО ҚАИҚ БА РУСИЯ ДАРОМАДААСТ

Муҳоҷироне, ки “запрет” гирифта, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум гардидаанд, барои боз ҳам ба ин кишвар ба мардикорӣ рафтан даст ба аҷаб корҳое мезананд.

Дар вилояти Смоленски Русия ахиран як шаҳрванди Тоҷикистонро барои онки савори қаиқ аз тариқи дарёи Днепр ба қаламрави Русия даромадааст, ба маблағи бузург ҷарима баст. Ва он ҳам баъди ҳаштуним моҳе, ки ин муҳоҷир дар паси панҷара ба сар бурд.

Худи муҳоҷири тоҷик ваё наздикону адвокаташ барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои маркази матбуоти муштараки додгоҳҳои вилояти Смоленск, ин марди тоҷик ҳарчанд медонист, ки вуруди ӯ ба қаламрави Русия қонунан манъ карда шудааст, бо ҳавопаймо то шаҳри Минск, пойтахти Беларус омадааст ва рӯзи 21 сентябри соли 2022 аз онҷо бо такси то марзи давлатии Русия рафта, сипас бо қаиқ бо кумаки як нафари дигар аз тариқи дарёи Днепр марзи Русияро дар минтақаи Красное дар ҳудуди ноҳияи Краснинои вилояти Смоленск гузаштааст.

Ӯ баъди убури марз як каме дар ҷангал истироҳат карда, сипас ба роҳи мошингард баромадааст ва ба як мошини раҳгузар савор шуда, ҳаракаташ ба дохили Русияро идома додааст.

Ин муҳоҷирро танҳо баъди чоруним моҳи вурудаш ба қаламрави Русия, рӯзи 9 феврали соли 2023 кормандони пулис дар шаҳри Красноярск, ки дар фосилаи қариб 4700 километр аз маҳалли марзи Русияро убур кардани ӯ ҷойгир шудааст, муайян ва дастгир кардаанд.

Муҳоҷири марзшиканро ба вилояти Смоленск баргардондаанд ва додгоҳи ноҳияи Краснино ӯро бар асоси қисми дуюми моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Русия дар дидаю дониста ғайриқонунӣ убур кардани марзи давлатии Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷие, ки вурудаш ба Русия қонунан манъ карда шудааст,  гунаҳкор шинохта, ба маблағи 70 ҳазор рубл ҷарима баст. Бо дарназардошти ҳаштуним моҳи дар паси панҷара ба сар бурдани муҳоҷири тоҷик, маблағи ҷаримаи ӯро то 25 ҳазор рубл пойин овардаанд. Яъне ҳар рӯзи дар боздоштгоҳ сипарикардаи ӯро тақрибан 1800 рубл ҳисоб кардаанд.

Муҳоҷири тоҷик боз ҳам метавон гуфт, ки осон халос хӯрд, чунки қисми дуюми моддаи 322 ҳамчун ҷазо дар баробари ҷарима ба маблағи то 300 ҳазор рубл ҳамчунин то 4 соли корҳои ислоҳӣ ваё то 4 соли зиндонро ҳам пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button