ВидеоМуҳоҷирон

АЗ ЯК МУСОФИРИ ПАРВОЗИ ЧЕЛЯБИНСК – ХУҶАНД ҚАРИБ 2 МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ НАҚД ЁФТААНД (АКС)

Кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Баландинои шаҳри Челябински Русия аз як мусофири парвози Челябинск – Хуҷанд қариб ду миллион рубл пули нақд пайдо кардаанд. Боҷхонаи фурудгоҳи Челябинск рӯзи 13 майи соли 2024 хабар дод, ки ин мусофир пулҳои доштаашро эъломия, яъне декларатсия накарда буд ва ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, намедонист, ки бояд маблағи баробари беш аз 10 ҳазор доллари Амрикоро бояд эъломия кунад.

Алексей Алексеев, сардори боҷхонаи фурудгоҳи Баландино гуфт: “Бар асоси қонунгузории гумрукӣ, аз Русия баровардани пули нақд ба маблағи беш аз 10 ҳазор доллари Амрико танҳо дар сурати пур кардани декларатсия, ё эъломияи гумрукӣ иҷозат дода мешавад. То вуруд ба минтақаи назорати гумуркӣ мусофир бояд бо қоидаҳои аз марг гузарондани молу пул шинос шуда, дар сурати зарурат барои машварат дар мавриди чӣ гуна пур кардани эъломияи зарурӣ бояд ба кормандони масъули боҷхона муроҷиат кунад”.

Дар робита ба ин кӯшиши қочоқи ғайриқонунии пули нақд тибқи моддаи 16.4  Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия парвандаи маъмурӣ кушода, маблағи баробари 10 ҳазор доллари Амрико тибқи қурби расмии ҳамон рӯзро ба мусофири роҳии Хуҷанд баргардондаанд, вале маблағи боқимондаро, ки беш аз як миллион рублро ташкил медиҳад, то замони баррасии парвандааш дар додгоҳ аз дасташ гирифтаанд.

Ба ин мард тибқи моддаи 16.4 ҷарима ба андозаи аз ним то ду баробари маблағи аз вай гирифташуда ваё мусодираи тамоми ин маблағ таҳдид мекунад.

Маълум нест, ки ин мусофир бо ҳамёни хеле сабуктаршудааш ба сафари худ идома додааст ё то анҷоми баррасии парвандааш дар Челябинск мемонад?

Аксари онҳое, ки бо пули нақд дар фурудгоҳҳои Русия ба даст меафтанд, муҳоҷиронеанд, ки ба сабаби надонистани қоидаву қонунҳо, пулҳои бо сад азоб дар Русия кор кардаи худро мехоҳанд риск карда, бидуни эъломияи гумрукӣ ба Ватан бубаранд.

Барои маълумоти муҳоҷирон:

Русия баъди шурӯи ҷанги Украина ба хориҷ бурдани асъори хориҷӣ ба маблағи  бештар аз 10 ҳазор доллари Амрикоро манъ кардааст, вале бурдани рубли русӣ ҳанӯз сахт маҳдуд карда нашудааст. Мусофирон метавонанд рубли русиро ба маблағи баробари то 10 ҳазор доллар бидуни ягон мамониат тавассути роҳрави сабз бо худ бубаранд.

Дар сурати аз рӯи қурбаш аз 10 ҳазор доллар бештар ва аз 100 ҳазор доллар камтар будани пулҳои нақдашон, мусофирон бояд дар боҷхонао танҳо эъломия пур кунанд ва ба кормандони боҷхона хабар бидиҳанд, ки бо худ чунин маблағ доранд. Дар ин сурат онҳо бояд аз тариқи роҳрави сурх гузаранд.

Вале агар маблағи бо худ доштаи мусофирон аз рӯи қурбаш аз 100 ҳазор доллар бештар бошад, онҳо муваззафанд , ки дар роҳрави сурх ба кормандони боҷхона дар мавриди манбаи ин пулҳо санад нишон бидиҳанд.

Дар ҳар сурат, истифода аз ин василаҳои қонунии содда барои муҳоҷирон хеле амнтар аст нисбат ба он ки беҳуда риск кунанд ва пулҳояшонро бидуни эъломия аз боҷхона гузаронданӣ шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button