Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК СОКИНИ МАСТЧОҲ АМАКБАЧААШРО БО БЕЛ ЗАДА, ЗАХМӢ КАРДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 15 майи соли 2024

Ба воситаи бел расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

39

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда 1-уми майи соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматии писари амакаш марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур қарор доштанаш, бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, баъдан бо бел 1 маротиба ба сари номбурда задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Содир намудани қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

032

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки соли 2022 марди 44-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худро соҳибкори муваффақ муаррифӣ намуда, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар ноҳияи Шаҳринав як хонаи истиқоматӣ аз бинои навбунёд гирифта медиҳад.

Ҳамин тариқ, бори дуюм моҳи декабри соли 2023 бо баҳонаи пеш бурдани тиҷорат аз ӯ 14 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-350», ки арзишаш 25 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки бар ивази маблағҳояш ба ӯ 200 метри мураббаъ иншооти ғайриманқули ёрирасонро дар шаҳри Турсунзода гирифта медиҳад, аммо номбурда то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи 59 ҳазор доллари амрикоӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи октябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ Ф-10”-ро ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати як моҳ бо пуррагӣ бармегардонад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button