ШИКОЯТИ РАИСОНИ ҶАМОАТҲОИ РАШТ АЗ РАИСИ НОҲИЯ: ҶОНАМОНРО БА ЛАБ ОВАРДААСТ…
Раисони чанд ҷамоати ноҳияи Рашт ба шарти набурдани номашон дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз пайваста аз онҳо бо ҳар баҳона пул ё ягон маҳсулоти кишоварзӣ талаб кардани раиси ин ноҳия Раҳимҷон Муқимӣ шикоят карданд.
Онҳо хабар доданд, ки баҳонаи навбатӣ Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷиктстон дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон шудааст. Ин чорабинӣ бояд аз 26 то 28 августи соли 2023 баргузор шавад ва ноҳияи Рашт низ бояд дар ин чорабинӣ иштирок кунад.
Раисони ҷамоатҳо мегӯянд, хароҷоти ин маърака бар асоси қарори ҳукумат бояд аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди буҷаи ноҳия пӯшонда шавад, аммо раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ раисони ҷамоатҳоро даъват карда, онҳоро маҷбур карда истодааст, ки барои гузаронидани Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Шимкент бояд ба миқдори 15 тонна картошка, 20 тона мева, 10 тона асал, даҳҳо намунаи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кати калон ба андозаи 3х4 метр, 100 дона тоқии гулдӯзӣ, ки нархи ҳар кадомаш аз 200 сомонӣ кам нест, ҷамъоварӣ кунанд. Арзиши умумии маҳсулоте, ки аз онҳо талаб карда мешавад, ба гуфтаи раисони норозии ҷамоатҳои ноҳияи Рашт, камаш 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Онҳо мегӯянд, ин маҳсулотро бояд ё аз ҳисоби худ ҷамъ биоранд ваё мисли раиси ноҳия раисони маҳаллаҳо ва соҳибкорони сокини ҷамоатҳои худро “доля” банданд ваё ночор даст ба коррупсия зада, ягон қитъаи замин ё ягон иншоотро бифурӯшанд.
Раисони ҷамоатҳои ноҳияи Рашт мегӯянд: “Моро раиси ноҳия маҷбур карда истодааст, ки ба маблағи 1 миллион сомонӣ молу маҳсулоти гуфтаашро ҷамъ оварда, бисупорем. Ин дар ҳолест, ки мо бе ин ҳам, ба бӯи мансабдориамон дар даруни қарз то баногӯш ғӯтидаем. Аз тамоми мағозаҳои гирду атроф қарздор шудаем. Дигар намедонем, аз куҷо ё аз кӣ қарз гирем? Ин чорабинӣ дар Шимкент бо супориши роҳбари давлат бояд аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди буҷети ноҳия гузаронида шавад”.
Раисони ҷамоатҳо мегӯянд, маблағҳое, ки аз ҳисоби андоз ба ноҳия даромад мешавад, то имрӯз зиёда аз 17 миллион сомониро ташкил медиҳад, вале ягон дирам маблағи он дар иншооти ноҳия сарф намешаванд, иншооти ҷашнӣ аз тарафи соҳибкорони ноҳия сохта мешаванду маблағҳои ҷамъшуда маълум нест, ки ба куҷо мераванд?
Номи раиси кунунии ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ имсол дар робита ба ду парвандаи пурсарусадои порахӯрии мансабдорони зердасташ расонаӣ шуд. Моҳи январи соли 2023 раҳбари дастгоҳи ӯ Холмаҳмад Ортиқов бо иттиҳоми гирифтани 10 ҳазор доллар пора дастгир шуд. Гуфта мешуд, ки ӯ ба ин маблағ мансаби мудири маорифи ноҳияи Раштро фурӯхтанӣ будааст. Бархе манобеъ гуфта буданд, ки бо иттиҳоми даст доштан дар гирифтани ин пора худи Раҳимҷон Муқимӣ низ боздошт, вале бо миёнаравии пуштибонҳои пурнуфузаш зуд озод шудааст.
Ҳамчунин моҳи майи соли 2023 раиси Кумитаи замини ноҳияи Рашт Алимардон Ҷабборов аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иттиҳоми ғайриқонунӣ фурӯхтани қитъаҳои замин ва гирифтану додани пора дастгир шуд.
Генерал Муҳаммадшоҳ Искандарзода, маъруф ба генерал Шоҳ Искандаров, як афсари шинохтаи зодаи Рашт, моҳи январ дар вокуниш ба хабари боздошти раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ғарм Раҳимҷон Муқимӣ ӯро “як ҳаромхӯр” номида, навишта буд, ки мардум аз порагирии раиси ноҳия ба дод омадаанд.
“Қасам ба Худо, рост аст. Як ҳаромхӯр аст раиси нохияи Рашт. Ман, генерал Шоҳ Искандаров, зодаи ҳамон минтақа ҳастам. Мардум аз порагирии раиси ноҳия ба дод омадагиянд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия бе иҷозати раис нафас намекашад. Бисёр тарафдорӣ накунед, вақт нишон медиҳад”, навишта буд Шоҳ Искандаров.
Генерал дар идома ин байти машҳурро иқтибос овард абуд:
Қамчини Худо садо надорад,
Вақте ки занад, даво надорад.
Даҳҳо нафар зери ин изҳори назари генерал Шоҳ Искандаров тугмаи лайкро зер карданд ва яке хитоб ба ӯ навишт: “Чунин порахӯрҳо бояд дар маҳбас бошанд, рафиқ генерал”.
Шоҳ Искандаров дар посух ба ин корбар навиштааст: “Ҳатман дар назди қонун ҷавоб медиҳанд. Фақат Худованд ба онҳо муҳлат додааст. Лекин на ба манфиати онҳост. Ҳар касе амали бад кунад, ҳатман ҷазои бад мегирад. Бе шакку шубҳа!”
Пешниҳод ба халқи тоҷик, якдилона овоз диҳед:
Аз ин ва баъд калимаи “президент”-и ҷумҳурии тоҷикистон ба Ходими ҷумҳурии тоҷикистон ва “раис”-и ноҳияи рашт ба Ходими ноҳияи рашт иваз карда шавад. Президент ва раис бояд хидматгузор бошанд, на интизори хидмат (аз мардум).